До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ашқобод-2017: Манучеҳр аввалин медали нуқраи тими Тоҷикистонро ба даст овард

Ашқобод-2017: Манучеҳр аввалин медали нуқраи тими Тоҷикистонро ба даст овард

 

Ашқобод-2017: Манучеҳр аввалин медали нуқраи тими Тоҷикистонро ба даст овард

Дар рӯзи сеюми 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ варзишгари тоҷик Манучеҳр Неъматов дар намуди таеквондо WTF медали нуқра ба даст овард.

Манучеҳр дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Чин Хионгин Оуянг ғалаба кард. Баъдан варзишгари Филиппин Ҷенар Ториллосро мағлуб намуд. Дар даври чорякфинал бар варзишгари Қазоқистон Айтуар Шайкенов пирӯз шуд. Аммо дар финал аз варзишгари эронӣ Маҳдӣ Эҳсонӣ шикат хурд.

Манучеҳр Неъматов дастпарвари Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буда, ояндаи дурахшон дорад. Ӯ таҳти назари мураббӣ Далер Фозилов тамрин мекунад. "Бозиҳои Ашқобод бароям таҷриба пеш аз Бозиҳои Осиё-2018 мебошад. Рақибони эҳтимолиро омӯхта, ба мусобиқаҳои оянда омодагиро беҳтар мекунем”, - мегӯяд Манучеҳр.

Ашқобод-2017: Манучеҳр аввалин медали нуқраи тими Тоҷикистонро ба даст овард

 

Ашқобод-2017: Манучеҳр аввалин медали нуқраи тими Тоҷикистонро ба даст овард

Ҳарби Манучеҳрро Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо карда, ӯро бо ин дастовардаш табрик гуфт.

скачать dle 10.2 КиноСвин