До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 173 нафар дар 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ ширкат мекунад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 173 нафар дар 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ ширкат мекунад

 


 

 

 

17-27 сентябри соли 2017 дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣбаргузор мегардад. Дар Бозиҳо наздики 6000 варзишгар аз 62 давлати қораи Осиё ва Уқёнус иштирок мекунанд. Ба барномаи бозиҳо 21 намуди варзиш шомил гаштааст:

-баскетбол (3х3),

-гуштини камарбандӣ,

-билярд,

-боулинг,

-шоҳмот,

-рақси варзишӣ,

-аспсаворӣ,

-футзал,

-варзиши сабук (намудҳое, ки дар толор баргузор мешаванд),

-теннис,

-ҷиу-ҷитсу,

-кикбоксинг,

-кураш,

-муайтай,

-самбо,

-шиноварӣ,

-таеквондо,

-гуштини анъанавӣ,

-велосипедронӣ (трек),

-вазнбардорӣ

-гуштини озод ва классикӣ.

Дар бозиҳо аз Тоҷикистон 173 нафар, аз ҷумла 126 варзишгар аз рӯи 15 намуди варзиш иштирок мекунанд:

-баскетбол - 4 варзишгар

-гуштини камарбандӣ - 21 варзишгар

-гуштини анъанавӣ - 12 варзишгар

-шоҳмот – 5 варзишгар

-варзиши сабук – 8 варзишгар

-ҷиу-ҷитсу - 9 варзишгар

-кикбоксинг - 10 варзишгар

-кураш - 6 варзишгар

-муайтай – 5 варзишгар

-самбо – 10 варзишгар

-шиноварӣ - 7 варзишгар

-таеквондо - 5 варзишгар

-велосипедронӣ - 2 варзишгар

-вазнбардорӣ - 5 варзишгар

-гуштини озод ва юнонӣ-римӣ - 17 варзишгар

Хароҷоти сафари дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз ҳисоби Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ пардохт мегардад.

4-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ 29.06-06.07.2013 дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд. Дар он 2,5 ҳазор варзишгар аз 45 давлати Осиё аз рӯи 11 намуди варзиш иштирок карданд: шиноварӣ, биллярд, боулинг, шоҳмот, рақси варзишӣ, футбол, муайтай, варзиши электронӣ, кураш, кикбоксинг, каббода.

Дар он бозиҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро 23 варзишгар, 4 мураббӣ ва 3 шахси расмӣ дар панҷ намуди варзиш – гуштини кураш, кикбоксинг, муайтай, боулинг ва E-спорт (варзиши электронӣ) намояндагӣ карда, 4 медал (1 тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ) ба даст оварданд. Паҳлавони маъруфи тоҷик Парвиз Собиров дар намуди гуштини кураш дар рақобатҳо дар вазни +90 кг ба унвони қаҳрамони Бозиҳо даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гашт. Гуштингири дигари тоҷик Сайидҷалол Саидов дар вазни -90 кг мақоми дувумро касб кард ва соҳиби медали нуқра шуд. Ду медали дигарро варзишгарони тоҷик дар сабқати кикбоксинг миёни занон ба даст оварданд. Зуҳро Холова дар вазни -52 кг бо медали нуқра ва Ганҷина Хабибуллоева дар вазни -55 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

скачать dle 10.2 КиноСвин