До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди варзишгоҳ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди варзишгоҳ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди варзишгоҳ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар баробари дигар иншоот ба сохтмони варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст санги асос гузоштанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи варзишгоҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати қитъаи замини барои сохтмони варзишгоҳ пешбинигардида 4,00 гектар буда, аз чор минбари мунаққаш иборат мебошад. Минбари ғарбӣ аз 9 қатор барои 1 ҳазору 876 ҷойи нишаст ва шимолӣ аз 8 қатор барои 1028 ҷой, ҷанубӣ аз 8 қатор барои 1028 ҷой ва шарқӣ аз 10 қатор барои 2 ҳазору 340 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Варзишгоҳ дорои чор даромадгоҳ буда, бо тарҳ ва услуби меъмории миллӣ сохта мешавад.

Варзишгоҳи мазкур дар тарҳ шакли чоркунҷаро доро буда, минбари ғарбӣ аз ду ошёна иборат мебошад ва дар он толори VIP низ ҷойгир карда мешавад.

Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи мутахассисону лоиҳакашонро ба сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида ва масолеҳи аълосифати ватанӣ ҷалб намуданд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксар ноҳияҳои кишвар бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат варзишгоҳҳои зебою замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, рушди соҳаи варзиш дар кишвар таъмин гардид.

скачать dle 10.2 КиноСвин