До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ҷоми КФО-2017: “Истиқлол” ба бозии финалии марҳилаи байниминтақавӣ роҳ ёфт

Ҷоми КФО-2017: “Истиқлол” ба бозии финалии марҳилаи байниминтақавӣ роҳ ёфт

 

Ҷоми КФО-2017: “Истиқлол” ба бозии финалии марҳилаи байниминтақавӣ роҳ ёфт

Дастаи "Истиқлол”-и Душанбе – чемпиони Тоҷикистон – бозии марҳилаи нимфиналии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро дар меҳмонӣ бо дастаи "Серес”-и Филиппин мусовӣ (1:1) карда, ба даври навбатӣ роҳхат гирифт.

Голи дастаи "Истиқлол”-ро легионери русиягӣ Дмитрий Барков зад. Вохӯрии аввали дастаҳо 22 августи соли равон дар варзишгоҳи шаҳри Ҳисор бо ғалабаи "Истиқлол” (4:0) анҷом ёфта буд.

"Истиқлол” бо ҳисоби 5:1 дар ду бозӣ ба даври навбатии Ҷоми КФО-2017 роҳхат гирифт. Рақиби дастаи Душанбе дар марҳилаи финалии байниминтақавӣ ғолиби ҷуфти "25 апрел” (ҶХДК) – "Бенгалуру” (Ҳиндустон) мебошад. Дар бозии аввал миёни ин дастаҳо 23 август дар Ҳиндустон "Бенгалуру” бо ҳисоби 3:0 ғалаба карда буд. Бозии ҷавобӣ имрӯз – 13 сентябр баргузор мешавад.

скачать dle 10.2 КиноСвин