До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Тими ҷавонони Тоҷикистон бо Мексика, Чин ва Уммон бозӣ мекунад

Тими ҷавонони Тоҷикистон бо Мексика, Чин ва Уммон бозӣ мекунад

 

Тими ҷавонони Тоҷикистон бо Мексика, Чин ва Уммон бозӣ мекунад

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар мусобиқаи байналмилалии «The 3rd Chang An Ford Cup International Youth Football Tournament 2017» ширкат мекунад.

Дар мусобиқа, ки 20-24 сентябр дар шаҳри Сюйсзини Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегардад, дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон, Мексика, Уммон ва Чин иштирок мекунанд. Шогирдони Мубин Эргашев аввал бо ҳамсолонашон аз Мексика вомехуранд (20 сентябр). Дар даври дуюм – 22 сентябр – рақиби тими ҷавонони мо Чин ва дар даври охир – 24 сентябр – Уммон мебошанд.

Барои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи мазкур як давраи омодагӣ ба чемпионати Осиё-2018 ба ҳисоб меравад, ки аз 31 октябр то 8 ноябр дар шаҳри Ҳисор доир мегардад. Дар марҳилаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё, ки соли оянда дар Индонезия ба нақша гирифта шудааст, дастаи ҷавонони Тоҷикистон бо тимҳои мунтахаби ҷавонони Бангладеш (31 октябр), Шри-Ланка (4 ноябр), Малдив (6 ноябр) ва Узбекистон (8 ноябр) вомехурад. скачать dle 10.2 КиноСвин