До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Сомон қаҳрамони Аврупо шуд

Сомон қаҳрамони Аврупо шуд

 

Сомон қаҳрамони Аврупо шуд

Сомон Маҳмадбеков – варзишгари тоҷики муқими Русия дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон соҳиби медали тилло гардид. Мусобиқа дар шаҳри Аради Руминия баргузор шуд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни -66 кило дар даври муқаддамотӣ бар Костиатин Ноткин (Украина) ва Александр Габлер (Олмон) ғалаба карда, ба даври дигар роҳхат гирифт. Дар даври нимфинал ва финал 2 варзишгари украинӣ – Каро Марандиан ва Олег Овчаренкоро шикаст дода, унвони қаҳрамониро ба даст овард.

Сомон Маҳмадбеков ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд. Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон бо ширкати 248 варзишгар (156 мард, 92 зан) аз 33 давлат доир гардид. Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони кишвари мизбон – Руминия бо 3 медали тилло, 1 нуқра, 10 биринҷӣ сазовори ҷои аввал гардиданд. Мақоми дуюмро Хорватия (2 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) ва ҷои сеюмро Маҷористон (2 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) ишғол карданд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло дар ҷои 9-ум қарор гирифт.

Сомон дастпарвари мактаби дзюдои Иркутск (Руссия) буда, таҳти назари мураббиёнаш Эргаш Маҳмадбеков ва Фотеҳ Маҳмадбеков тамрин ва дар мусобиқаҳо Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Ӯ моҳи апрели соли равон дар Ҷоми Африқо оид ба дзюдо миёни ҷавонон низ ғолиб шуда буд.

скачать dle 10.2 КиноСвин