До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 7 донишҷӯи тоҷик дар Универсиада-2017 иштирок мекунанд

7 донишҷӯи тоҷик дар Универсиада-2017 иштирок мекунанд

 

7 донишҷӯи тоҷик дар Универсиада-2017 иштирок мекунанд

Фардо – 19 август дар шаҳри Тайпейи вилояти Тайвани Ҷумҳурии Мардумии Чин XXIX Универсидаи тобистона – мусобиқаҳои варзишии ҷаҳонӣ миёни донишҷӯён – оғоз мегардад, ки то 30 август идома меёбад.

Дар ин чорабинии бонуфузи варзишии ҷавонон аз Тоҷикистон 7 донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аз рӯи 3 намуди варзиш – дзюдо, варзиши сабук, тенниси рӯи миз иштирок мекунанд: Фаридун Ашӯров (партофти диск, гулӯла), Абдурауф Мӯсоев (гурзпартоӣ), Зарина Шарипова, Шаҳноза Баротова (тенниси рӯи миз), Ҳусниддин Зарипов (ҷаҳиш ба баландӣ), Шуҳрат Усмонов (дав, 200, 400 метр), Хоҷазода Беҳрӯз (дзюдо, 73 кило).

Ба барномаи Универсиадаи соли 2017 21 намуди варзиш ворид карда шудааст:

1. Бадминтон

2. Баскетбол

3. Бейсбол

4. Вазнбардорӣ

5. Варзиши сабук

6. Волейбол

7. Гимнастикаи бадеӣ

8. Гимнастикаи варзишӣ

9. Голф

10. Дзюдо

11. Камонварӣ

12. Роллер

13. Таеквондо

14. Теннис

15. Тенниси рӯи миз

16. Ушу

17. Фехтование

18. Футбол

19. Футбол дар об

20. Ҷаҳиш дар об

21. Шиноварӣ

Аз ин миён 14 намуди варзиш ба барномаи сабқатҳои варзишии донишҷӯён ба таври ҳатмӣ ворид аст: баскетбол, волейбол, варзиши сабук, гимнастикаи бадеӣ ва варзишӣ, дзюдо, таеквондо, теннис, тенниси рӯи миз, фехтования, футбол, футбол дар об, ҷаҳиш дар об ва шиноварӣ. Намудҳои боқимондаи варзишро кумитаи тадорукоти ҳар Универсиада ворид мекунад. Дар муқоиса ба Универсиадаи соли 2015 дар Кванҷуи Ҷумҳурии Корея ба барнома намудҳои роллер, вазнбардорӣ ва ушу ворид карда шудаанд. скачать dle 10.2 КиноСвин