До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Чемпионати шоҳмоти Тоҷикистон бо пирӯзии Мутриба ва Суҳроб анҷом ёфт

Чемпионати шоҳмоти Тоҷикистон бо пирӯзии Мутриба ва Суҳроб анҷом ёфт

 

Чемпионати шоҳмоти Тоҷикистон бо пирӯзии Мутриба ва Суҳроб анҷом ёфт

Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот дар шаҳри Панҷакент (5-14 август) бо пирӯзии Суҳроб Ҳамдамов ва Мутриба Ҳотамӣ ба итмом расид.

Тавре аз Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар чемпионат 24 шоҳмотбоз (12 зан, 12 мард) иштирок карданд.

Дар рақобатҳо байни бонувон Мутриба Ҳотамӣ аз 11 холи имконпазир 11 хол ба даст оварда, зинаи аввалро ишғол намуд. Ҷои дуюмро Сабрина Абророваи 10-сола ба даст овард. Ӯ дар МТМУ №55-и шаҳри Душанбе таҳсил мекунад ва бори аввал дар чемпионат миёни калонсолон иштирок кард. Сабрина аз 11 холи имконпазир 10 хол ба даст овард. Бо ба даст овардани 8,5 хол Сарвиноз Каримова дар зинаи сеюми мусобиқа миёни бонувон қарор гирифт.

Дар қувваозмоӣ миёни мардон Суҳроб Ҳамдамови соҳибтаҷриба 9 хол ба даст оварда, ғолиб дониста шуд. Зинаи дуюму сеюмро бо 8,5-холӣ Амин Қобилов ва Алишер Каримов ишғол намуданд.

Ҳамаи ғолибон намояндагони шаҳри Душанбе мебошанд.

Бино ба иттилои ноиби президенти Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов, шоҳмотбозони тоҷик имсол дар Фестивали бозиҳои миллии Тоҷикистон дар Душанбе (7-9 сентябр) ва Бозиҳои 5-уми Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод (Туркманистон, 17-17 сентябр) иштирок мекунанд.

 

Дар акс Мутриба ҲОТАМӢ

скачать dle 10.2 КиноСвин