До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Қаҳрамонҳои Осиё дар чемпионати ҷаҳон бемедал монданд

Қаҳрамонҳои Осиё дар чемпионати ҷаҳон бемедал монданд

 

Қаҳрамонҳои Осиё дар чемпионати ҷаҳон бемедал монданд

Варзишгари маъруфи кишвар, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, дар қувваозмоии гурзпартоӣ миёни мардон ҷои ҳафтумро ишғол кард.

Қувваозмоӣ шоми дирӯз миёни 12 нафар гурзпартои беҳтарини ҷаҳон баргузор шуд. Дилшод Назаров ин навбат гурзро ба масофаи 77,22 метр ҳаво дод. Тавре интизор мерафт, Павел Файдеки лаҳистонӣ бо натиҷаи 79.81 метр қаҳрамони ҷаҳон шуд. Мақоми дуюмро варзишгари Русия Валерий Пронкин бо натиҷаи 78.16 метр ва ҷои сеюмро варзишгари дигари Лаҳистон Войсеч Новискӣ бо натиҷаи 78.03 сазовор шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров соли 2015 бо натиҷаи 78,55 метр медали нуқраи чемпионати ҷаҳон, соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил бо натиҷаи 78,68 метр медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва моҳи июли имсол дар Бҳубанешвари Ҳиндустон медали тиллои чемпионати Осиёро ба даст овардааст.

Паҳлавони навраси кишвар Ҷаҳонгир Маҷидов дар чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон дар вазни -81 кило сазовори ҷои панҷум шуд. Ӯ дар даври муқаддамотӣ бар Намҳун Лӣ (Ҷумҳурии Корея) ва Музаффарбек Турабоев (Узбекистон) ғалаба карда, ба нимфинал баромад. Аммо дар ин давр аз варзишгари Молдова Ейген Матвеисус, ки қаҳрамони вазни -81 шуд, мағлуб гашт. Дар рақобат барои ҷои сеюм бошад, аз Серикболсин Шинтас (Қазоқистон) шикаст хурд. Ҷои дуюм насиби Агустин Гил (Аргентина) ва ҷои дигари сеюм насиби Бенедек Тот (Маҷористон) гардид.

Ҷаҳонгир Маҷидов низ чанде пеш дар Бишкеки Қирғизистон унвони қаҳрамони Осиёро ба даст оварда буд. скачать dle 10.2 КиноСвин