До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » ҶОМИ КФО-2017: “Истиқлол” бо “Серес” вомехурад

ҶОМИ КФО-2017: “Истиқлол” бо “Серес” вомехурад

 

ҶОМИ КФО-2017: “Истиқлол” бо “Серес” вомехурад

Дастаи "Истиқлол”-и Душанбе дар марҳилаи нимфиналии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 бо тими "Серес”-и Филиппин вомехурад. Ин пас аз баргузор шудани бозии ҷавобии минтақаи АСЕАН маълум шуд. "Серес” дар ду вохурӣ бар дастаи "Хоум Юнайтед”-и Сингапур ғалаба кард (2:0 ва 1:2).

Бозии аввали даври нимфинали байниминтақавии Ҷоми КФО-2017 миёни дастаҳои "Истиқлол” – "Серес” 22 август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад. Бозии ҷавобӣ 12 сентябр дар шаҳри Баколоди Филиппин ба нақша гирифта шудааст.

Дар сурати пирӯзӣ "Истиқлол” дар даври финалии байниминтақавӣ бо ғолиби ҷуфти "Бенгалуру” (Ҳиндустон) – "25 апрел” (ҶХДК) бозӣ мекунад. Бозиҳои даври финалӣ 27 сентябр ва 18 октябр доир мегарданд.

Дар даври финалии минтақаи Ғарб 12 ва 26 сентябр "Ал-Ваҳда”-и Сурия ва "Эйр-Форс”-и Ироқ вомехуранд.

Бозии финалии Ҷоми КФО-2017 4 ноябр баргузор мешавад. Агар "Истиқлол” ба финал роҳ ёбад, пас Тоҷикистон мизбони бозии ниҳоии Ҷоми КФО-2017 хоҳад буд. скачать dle 10.2 КиноСвин