До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Варзишгарон ҳомии нангу номуси миллатанд!

Варзишгарон ҳомии нангу номуси миллатанд!

 

Табрикоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ба муносибати Рӯзи варзишгарон 

Варзишгарон ҳомии нангу номуси миллатанд!

Муҳтарам варзишгарон!

Устодону собиқадорони соҳа, ҳаводорон ва дӯстдорони варзиш!

Нахуст, ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи варзишгарон самимона шодбош гуфта, бароятон саломатии бардавом, сари баланд ва дар фаъолиятатон комёбиву музаффариятҳои нав таманно дорам.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки дастоварди бузурги миллат – Истиқлолияти давлатӣ барои рушди соҳаи варзиш такони ҷиддӣ бахшида, бо шарофати ин неъмати бебаҳо варзиш нерӯю иқтидори нав пайдо намуд. Зеро аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, ки дар зарфи 26 соли соҳибистиқлолӣ, барои рушду пешравии соҳа, дастгирии варзишгарону афзун гардонидани дастовардҳои варзишӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст.

Маҳз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, ба хотири таъмини оммавияти варзиш, тарғибу ташвиқ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан барои омодакунии варзишгарони касбӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ тамоми заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва амаливу моддӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳамин аст, ки сол то сол дастовардҳои варзишгарону мураббиёни соҳа афзуда истодаанд.

Дар ин раванд, агар комёбиву муваффақиятҳои ҷавонони варзишгарро дар як соли охир таҳлил кунем, он дар таърихи давлатдориамон мавқеи бесобиқа дорад.

Аз ҷумла, соли 2016 аз ҷониби гурзандози машҳурамон Дилшод Назаров ба даст омадани медали тиллоии олимпӣ дар Олимпиадаи Рио–де–Жанейрои Бразилия, соҳаи варзиши кишвари моро бори дигар дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Бо ибораи дигар, варзишгарони мо на танҳо пешбарандаи соҳа, балки муаррифгари давлат ва парчамбардору ифтихори миллати мо ҳастанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб дар ин рӯзи пурфараҳ аз номи кулли варзишгарони саодатманди диёр мехостам миннатдории самимонаи худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намоям, ки дар рушди варзиши кишвар ва дастгирии варзишгарони номбардори миллат нақши калидӣ гузошта, пайваста зери ҳидоят ва ғамхории падаронаи хеш роҳнамоӣ менамоянд.

Имрӯз варзишгарону мураббиёни мо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхорие, ки нисбат ба онҳо зоҳир мегардад, талош меварзанд, ки бо дастовардҳои назаррасу қобили таҳсину ифтихор Парчами давлатро баланд бардоранд.

Итминони комил дорем, ки шумо – варзишгарону устодони соҳа барои ҳифзи нангу номуси миллат дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамеша ҷаҳду талош менамоед.

Дар ин роҳи пуршараф ба шумо комгориву муваффақиятҳои беназир ва тандурустиву хонаободӣ таманно дорам.

Ид муборак, варзишгарони парчамбардори миллат! скачать dle 10.2 КиноСвин