До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Дилшод Назаров ба даври финали ЧҶ оид ба варзиши сабук роҳ ёфт

Дилшод Назаров ба даври финали ЧҶ оид ба варзиши сабук роҳ ёфт

 

Дилшод Назаров ба даври финали ЧҶ оид ба варзиши сабук роҳ ёфт

Варзишгари маъруфи кишвар, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, дар қувваозмоии гурзпартоӣ миёни мардон ба даври финалӣ роҳ ёфт.

Қувваозмоӣ шоми дирӯз миёни 32 нафар гурзпартои беҳтарини ҷаҳон баргузор шуд. Дилшод Назаров дар як кӯшиш гурзро ба масофаи 75,54 метр ҳаво дод.

Натиҷаи беҳтарро дар ин қувваозмоӣ Павел Файдеки лаҳистонӣ нишон дод - 76.82. Квинтин Бигот аз Фаронса гурзро ба масофаи 76.11, Павел Барейша ба масофаи 75.98, Бенс Ҳалаз аз Маҷористон ба масофаи 75.56 метр партофтанд.

Даври финалии қувваозмоии гурзпартоӣ миёни мардон 11 август доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров соли 2015 бо натиҷаи 78,55 метр медали нуқраи чемпионати ҷаҳон, соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил бо натиҷаи 78,68 метр медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпиро ба даст овардааст.

Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки 4 август дар шаҳри Лондони Британияи Кабир оғоз гардид, то 13 август идома меёбад. То имрӯз аз рӯи ҳисоби медалҳо ШМА бо 15 медал (4 тилло, 5 нуқра, 6 биринҷӣ) пешсаф аст. Кения бо 7 медал (3-1-3) дар ҷои дуюм, Африқои Ҷанубӣ бо 2 медали тилло ва 2 биринҷӣ дар мақоми сеюм қарор доранд.

скачать dle 10.2 КиноСвин