До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Дар Душанбе 8-ум Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис баргузор мегардад

Дар Душанбе 8-ум Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис баргузор мегардад

 

Дар Душанбе 8-ум Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис баргузор мегардад

23-27 августи соли равон дар шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон доир мегардад.

Ба мусобиқаи мазкур варзишгарони наврас аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Руссия, Украина, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Туркия, Озарбойҷон, Муғулистон ва Покистон даъват шудаанд.

Мусобиқа соли ҳаштум аст, дар шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки варзишгарон аз давлатҳои хориҷа баргузор мегардад. Теннис миёни дӯстдорони варзиши тоҷик шуҳрати калон дошта, баҳри рушду ташаккули минбаъдаи он аз ҷониби Ҳукумати кишвар тамоми тадбирҳо амалӣ мегарданд.

Бино ба маълумоти Федератсияи тенниси Тоҷикистон, дар ҳафт мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони мо шаш маротиба ғолибият ба даст овардаанд.

скачать dle 10.2 КиноСвин