До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Дзюдочиёни навраси Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон иштирок мекунанд

Дзюдочиёни навраси Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон иштирок мекунанд

 

 

9-13 августи соли равон дар Чилӣ чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон баргузор мешавад.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар чемпионат 441 варзишгар (занону мардон) аз 68 давлат иштирок мекунанд.

Аз ҷумҳурии мо дар чемпионати мазкур 5 варзишгар – Қурбоналӣ Бозоров (вазни -60 кг), Разиаллоҳ Лоиқов, Ҷамолиддин Абдуллоев (-66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Эмомризо Қурбонов (-90 кг) иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш (13-14 июл) дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Разиаллоҳ Лоиқов ва Ҷаҳонгир Маҷидов чемпиони Осиё гардида буданд.

Дзюдочиёни навраси Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон иштирок мекунанд

 


скачать dle 10.2 КиноСвин