До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Аввалин ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020

Аввалин ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020

 

Аввалин ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020

Бо фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2017, №226 бо мақсади омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 гурӯҳи корӣ таъсис ёфт.

Имрӯз – 3 август - дар шаҳри Душанбе аввалин ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 баргузор шуд. Ризо Назарзода – муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш - роҳбари гурӯҳи корӣ, Дилшод Назаров – муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, муовини роҳбари гурӯҳи корӣ таъин шудаанд. Дар ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, федератсияҳои варзишӣ ва мутахассисони соҳа ворид гардидаанд.

Дар ҷаласа зикр шуд, ки гурӯҳи корӣ бо мақсади таъсис додани кумитаи тадорукоти омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ташкил шуд. Гурӯҳ тибқи нақшаи корӣ фаъолият намуда, варзишгарони беҳтаринро интихоб ва дар ҳамкории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва федератсияву мактабҳои варзишӣ дар омодагии онҳо ба Олимпиадаи соли 2020 мусоидат мекунад.

Назарзода Ризо зимни баромадаш, аз ҷумла қайд кард, ки баъд аз медали тиллои Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Рио-2016 масъулияти мо ва варзишгарони мо бештар шудааст. Мо бояд дар олимпиадаҳои минбаъда Тоҷикистонро, ҳадди ақал дар ҳамин сатҳ нигоҳ дорем.

Муҳаммадшо Абдуллоев, Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ барномаҳои дастгирии молиявии варзишгарон аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпиро муаррифӣ кард. Зикр шуд, ки аз ҷумла барои омодагии варзишгарон ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 барномаи дастгирии молиявии варзишгарон, барномаи қитъавӣ барои варзишгарон, барномаҳои давраҳои омӯзишӣ барои доварону, мураббиён нигаронида шудааст. "Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 варзишгари беҳтарини ҷумҳуриро аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш интихоб ва барои дарёфти дастгирии молиявии КБО пешниҳод кард. Дар сурати тасдиқ шудани рӯйхат аз ҷониби КБО 17 варзишгари мо аз моҳи сентябри соли 2017 то сентябри 2020 ҷиҳати омодагӣ ба Олимпиадаи Токио-2020 аз дастгирии молиявӣ бархурдор мешаванд”, - иброз дошт М. Абдуллоев.

Эркин Латипов – директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз мушкилоти мавҷуда дар самти ҳамкории дуҷонибаву сеҷониба ёдовар шуда, пешниҳод кард, ки ба хотири мақсаднок будани фаъолияти гурӯҳи корӣ федератсияҳои варзишӣ нақшаи омодагии варзишгаронро манзур намоянд ва дар асоси он нақшаи кории гурӯҳи корӣ тартиб дода мешавад.

Аввалин ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020

 


скачать dle 10.2 КиноСвин