До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Лос Анҷелос ва Париж дар мавриди мизбонии Олимпиадаи 2024 ба тавофуқ расиданд

Лос Анҷелос ва Париж дар мавриди мизбонии Олимпиадаи 2024 ба тавофуқ расиданд

 

Лос Анҷелос ва Париж дар мавриди мизбонии Олимпиадаи 2024 ба тавофуқ расиданд

Лос Анҷелос розӣ шуд, ки мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2028 бошад. Акнун соли 2024 Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Париж баргузор мешавад.

Барои мизбонии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 Париж ва Лос-Анҷелос довталаб буданд. Чанде пеш зимни ҷаласаи Кумитаи иҷроияи КБО бо иштироки Кумитаи иҷроияи КБО, кумитаҳои дархостдиҳии Париж ва Лос-Анҷелос, ҳамчунин кумитаҳои миллии олимпии Фаронса ва ШМА комиссияи сеҷониба таъсис ёфт. Гуфта мешуд, агар ҷонибҳо дар мавриди макони баргузории Бозиҳои олимпии-2024 ба тавофуқ бирасанд, пас дар ҷаласаи 131-уми КБО дар Лима пойтахти Олимпиада-2024 интихоб мешавад, шаҳри дуюм ба таври автоматӣ ҳуқуқи мизбонии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2028-ро ба даст меорад ва ҳамин тавр ҳам шуд.

"Кумитаи байналмилалии олимпӣ аз тасмими шаҳрдори Лос Анҷелос истиқбол мекунад. Мо хушҳолем, ки қарордоди сеҷониба дар робита ба ин ба таври шаффоф тасвиб шуд. Мо бисёр хушҳолем, ки ба унвони бахше аз ин қарордоди шаҳри мизбон мо қодир ба афзоиши дастрасии ҷавонони шаҳр ба варзиш ҳастем ва сабки зиндагии солимро барои 11 соли оянда ташвиқ мекунем”, - гуфтааст Томас Бах – президенти КБО.

Қаблан Париж ва Лос-Анҷелос думаротибаӣ мизбони олимпиада буданд. Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Париж солҳои 1900 ва 1924, дар Лос Анҷелос бошад, солҳои 1932 ва 1984 доир гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил эстафетаи Олимпиада ба мири шаҳри Токио дода шуд. Дар ин ҷо Бозиҳои олимпии соли 2020 доир мегардад. скачать dle 10.2 КиноСвин