До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Бори аввал чорабиниҳои Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон тавассути сомонаи КБО инъикос шуд

Бори аввал чорабиниҳои Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон тавассути сомонаи КБО инъикос шуд

Бори аввал чорабиниҳои Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон тавассути сомонаи КБО инъикос шуд

23 июни соли равон сомонаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) – "extranet.olympic.org” аз таҷлили Рӯзи байналмилалии олимпӣ дар Тоҷикистон гузориш нашр кард.

Ин рӯйдод дар таърихи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал аст.

Гузориш зери сарлавҳаи "КМО Тоҷикистон Рӯзи олимпиро ҷашн мегирад” нашр шуда, дар он аз ҷумла омадааст, "Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон 20-уми май бо баргузории марафони велосипедронӣ шуруъ шуд. Дар ин чорабинӣ, ки бори аввал баргузор гашт, 1143 нафар иштирок карданд. 21 май бошад, чун анъана бо иштироки беш аз 400000 нафар Рӯзи дави миллӣ доир гашт”.

"Еxtranet.olympic.org” дар идома аз чорабиниҳои Рӯзи олимпӣ – 23 июн иттилоъ додааст. Гуфта шудааст, ки дар Рӯзи олимпӣ дар шаҳри Душанбе чорабиниву мусобиқаҳо оид ба варзиши сабук, футболи хурд, гуштини озод, гуштини юнонӣ-римӣ, қайиқронӣ, гимнастикаи варзишӣ, таеквондо ва ғайра баргузор шуданд. Дар ин чорабиниҳо 11266 варзишгар, аз ҷумла 1211 зан иштирок намуданд. Умуман, иштирокчиёни чорабинию мусобиқаҳо бахшида ба Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон ба 439340 нафар расид. скачать dle 10.2 КиноСвин