До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Футбол: ЧО-2018 миёни ҷавонон дар Индонезия ва миёни наврасон дар Малайзия доир мегардад

Футбол: ЧО-2018 миёни ҷавонон дар Индонезия ва миёни наврасон дар Малайзия доир мегардад

 

Футбол: ЧО-2018 миёни ҷавонон дар Индонезия ва миёни наврасон дар Малайзия доир мегардад

Конфедератсияи футболи Осиё маҳали баргузории чемпионати Осиё-2018 миёни наврасони то 16-сола ва ҷавонони то 19-соларо эълон кард.

18-умин Чемпионати Осиё миёни наврасон аз 20 сентябр то 7 октябри соли оянда дар Малайзия баргузор мешавад. Дар марҳилаи интихобии мусобиқа, ки 16-29 сентябри соли равон доир мегардад, 45 даста дар ду минтақа – Ғарбӣ (23) ва Шарқӣ (22) иштирок мекунанд. Дар натиҷаи қуръакашӣ ин дастаҳо ба 10 гурӯҳ тақсим шуданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби наврасони кишвар зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи "В” бо дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон, Сурия, Туркманистон ва Малдив бозӣ мекунанд. Бозиҳоии интихобии ин гурӯҳ 16-24 сентябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

Тими наврасони Тоҷикистон дар таърихи мавҷудияташ ду маротиба – солҳои 2006 ва 2008 ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё баромадаанд. Соли 2006 футболбозони навраси мо сазовори медалҳои биринҷӣ шуда буданд.

40-умин чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 19-сола бошад, аз 18 октябр то 4 ноябр дар Индонезия баргузор мешавад. Дар марҳилаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи финалии мусобиқа 43 даста дар ду минтақа – Ғарбӣ (22) ва Шарқӣ (21) дар 10 гурӯҳ рақобат мекунанд.

Тими ҷавонони кишвар таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар марҳилаи интихобӣ дар як гурӯҳ бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Узбекистон, Бангладеш, Шри-Ланка ва Малдив вомехӯранд. Ин бозиҳо низ аз 31 октябр то 8 ноябр дар Ҳисор доир мегарданд.

Қаблан тими ҷавонони кишвар се маротиба (солҳои 2006, 2008 ва 2016) ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё баромада буд. Натиҷаи беҳтари тими ҷавонони Тоҷикистон роҳ ёфтан ба даври чорякфинали чемпионат дар соли 2016 (Баҳрайн) мебошад.

Ба марҳилаи финалии ҳар ду чемпионат ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар нишон медиҳанд, роҳ меёбанд. скачать dle 10.2 КиноСвин