До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Лижаронҳои тоҷик ба мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагӣ мебинанд

Лижаронҳои тоҷик ба мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагӣ мебинанд

 

 

26-уми июли соли ҷорӣ муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода дар мавзеи "Хоҷа Оби Гарм”-и ноҳияи Варзоб бо шароити машқу тамрини лижаронҳои тоҷик шинос шуд.

21 нафар варзишгар аз намуди лижаронӣ дар мавзеи "Хоҷа Оби Гарм” зери сарпарастии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пхенчон-2018 омодагӣ мебинанд.

Аҳтам Абдуллозода зимни мулоқот бо варзишгарон аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишгарон ёдовар гардида, таъкид намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати дурандешонаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат имрӯз варзишгарони мо дар мусобиқаҳову олимпиадаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ иштирок намуда, ба муваффақиятҳо ноил гардида истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон, новобаста ба гармои фасли тобистон, дар мавзеи "Хоҷа Оби Гарм”, рӯи тарма ҷамъомади машқию таълимии варзишгарон ташкил карда шудааст.

Қобили қайд аст, ки Бозиҳои зимистонаи олимпӣ 9-26 феврали соли оянда дар шаҳри Пхенчони Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад.

 


скачать dle 10.2 КиноСвин