До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Меҳрубон унвони чемпионии бокси ҷаҳон, дараҷаи WBB-ро ба даст овард

Меҳрубон унвони чемпионии бокси ҷаҳон, дараҷаи WBB-ро ба даст овард

 

 

Меҳрубон унвони чемпионии бокси ҷаҳон, дараҷаи WBB-ро ба даст овард

Варзишгари тоҷик Меҳрубон Сангинов дар вазни -76 кило унвони чемпионии бокси ҷаҳон, дараҷаи WBB-ро ба даст овард, ки дар таърихи варзиши Тоҷикистон бори аввал аст.

 

Муҳориба дирӯз – 23 июл дар штати Колоринаи Шимолии Штатҳои Муттаҳидаи Амрико доир гашт. Ҳарифи варзишгари тоҷик Стефен Дерстайни амрикоӣ буд.

Меҳрубон дастпарвари Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба риштаҳои амалӣ буда, таҳти маслиҳату роҳнамоии мураббиён Парвиз Ахмедов – Мураббии шоистаи Тоҷикистон ва мутахассиси қазоқистонӣ Сагатбек Мухасанов машқ мекунад. Ба ин муҳориба Меҳрубон дар Лас-Вегаси ШМА дар толори Флед Майвезер омодагӣ дид. Ӯро ба ин муҳориба таҳти роҳбарии худи Майвезер мураббиаш Сагатбек Мухасанов тайёр кард.

Меҳрубон Сангинов дар вазни -76 кило аз ин пеш бар муштзанҳои Гурҷистон, Латвия, Лаҳистон ғалаба карда буд.

Унвони қаҳрамонии ҷаҳон, дараҷаи "World Boxing Board”-ро соли 2011 Мигел Котто сазовор шуда буд.

Меҳрубон унвони чемпионии бокси ҷаҳон, дараҷаи WBB-ро ба даст овард

Меҳрубон унвони чемпионии бокси ҷаҳон, дараҷаи WBB-ро ба даст овард

 


 


скачать dle 10.2 КиноСвин