До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Тими “Ҷавонон”-и кишвар ба марҳилаи финалии ЧО-2018 роҳ наёфт

Тими “Ҷавонон”-и кишвар ба марҳилаи финалии ЧО-2018 роҳ наёфт

 

Тими “Ҷавонон”-и кишвар ба марҳилаи финалии ЧО-2018 роҳ наёфт

Шоми дирӯз – 23 июл дар даври сеюми марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 (U-23) дар гурӯҳи "Е” тими ҷавонони кишвар аз дастаи Урдун бо ҳисоби 2:0 шикаст хӯрда, аз ҳаққи иштирок дар марҳилаи финалии мусобиқа маҳрум гашт.

Ба марҳилаи финалии ЧО-2018 аз гурӯҳи "Е” дастаҳои Фаластин ва Урдун баромаданд. Тоҷикистон, ки бо тими Фаластин мусовӣ (2:2) карда, Бангладешро шикаст (3:1) дод, бо 4 хол ҷои сеюмро ишғол кард.

Ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё – 2018, ки моҳи январи соли оянда дар Чин баргузор мешавад, ғолибони 9 гурӯҳ – Уммон (гурӯҳи "А”), Ироқ (гурӯҳи "В”), Қатар (гурӯҳи "С”), Узбекистон (гурӯҳи "D”), Фаластин (гурӯҳи «E»), Австралия (гурӯҳи «F»), ҶХДК (гурӯҳи «G»), Малайзия (гурӯҳи «H») ва Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи «I») роҳ ёфтанд. Бо сабаби он ки тими ҷавонони Чин дар гурӯҳи "J” ғолиб шуд, 6 дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо низ, ки натиҷаи беҳтар нишон доданд, ҳаққи иштирок дар марҳилаи финалии мусобиқаро дарёфт намуданд: Арабистони Саудӣ (гурӯҳи «B»), Сурия (гурӯҳи «C»), Урдун (гурӯҳи «E»), Тайланд (гурӯҳи «H»), Ветнам (гурӯҳи «I») ва Ҷопон (гурӯҳи «J»). скачать dle 10.2 КиноСвин