До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Медали биринҷии Комроншоҳ дар Ҷоми Аврупо

Медали биринҷии Комроншоҳ дар Ҷоми Аврупо

 

Медали биринҷии Комроншоҳ дар Ҷоми Аврупо

22-23 июли соли равон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни мардон ва занон баргузор шуд. Паҳлавони маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар ин мусобиқа сазовори медали биринҷӣ шуд.

Комроншоҳ дар марҳилаи муқаддамотӣ бар Виктор Клиавусау (Белорус), Александр Федосов (Руссия ғалаба карда, аз Лӣ Кочман (Исроил), ки сазовори медали нуқра гашт, шикаст хӯрд. Дар қувваозмоиҳо барои ҷои сеюм ӯ ду варзишгари Маҷористон - Сзаболс Крисман ва Габор Верро мағлуб кард. Дар ин вазн варзишгари белорусӣ Яҳор Варапайу қаҳрамон шуд. Давид Кламмерти чехӣ низ сазовори медали биринҷӣ гардид.

Се намояндаи дигари Тоҷикистон - Садр Боев, Кароматулло Ҳакимов, Муҳаммадрасул Саидумаров (ҳама -81 кг) дар марҳилаи муқаддамотӣ баъд аз як ғалаба дар даври дуюм мағлуб шуданд.

Дар мусобиқа 411 варзишгар (126 зан, 285 мард) аз 46 давлат иштирок карданд. Дар ҳисоби даставӣ Белорус бо 3 медали тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол кард. Озарбойҷон бо 2 медали тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ ҷои дуюм, Португал бо 2 медали тилло ва 2 биринҷӣ ҷои сеюмро сазовор гардиданд. Тоҷикистон миёни 46 давлат ҷои 23-юмро ишғол кард.

скачать dle 10.2 КиноСвин