До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Тими “Ҷавонон”-и кишвар бар дастаи Бангладеш пирӯз шуд

Тими “Ҷавонон”-и кишвар бар дастаи Бангладеш пирӯз шуд

 

Тими “Ҷавонон”-и кишвар бар дастаи Бангладеш пирӯз шуд

Шоми дирӯз дар даври дуюми марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 (U-23) дар гурӯҳи "Е” тими ҷавонони кишвар бар дастаи ҷавонони Бангладеш бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Қисми аввали бозӣ, бо ғалабаи тими Бангладеш анҷом ёфт – 0:1, вале футболбозони мо дар қисми дуюм бартарӣ нишон дода, ба дарвозаи ҳариф 3 гол заданд. Голҳоро Амирҷон Сафаров, Нозим Бобоҷонов ва Зоир Ҷурабоев ба ҳадаф расониданд.

Ёдовар мешавем, ки шогирдони Ҳаким Фузайлов бозии даври аввалро бо дастаи Фаластин мусовӣ карда буданд – 2:2. Ҳарифи навбатии тими ҷавонони Тоҷикистон дастаи Урдун аст. Бозӣ фардо – 23 июл – баргузор мешавад.

Дар бозии дигари даври дуюми гурӯҳи "Е” Фаластин бар Урдун ғалаба кард – 3:2.

Акнун Тоҷикистон дар ҷадвали гурӯҳ бо 4 хол садрнишин аст. Фаластин ҳам, ки 4 хол дорад, дар ҷои дуюм, Урдун бо 3 хол дар мақоми сеюм мавқеъ доранд.

Ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2018, ки аз 9 то 27 январи соли оянда дар Чин доир мегардад, ғолибони 10 гурӯҳи марҳилаи интихобӣ ва 5 даста бо нишондоди беҳтари ҷои дуюми гурӯҳҳо роҳхат мегиранд.

Натиҷаи бозиҳои дигар гурӯҳҳо:

Гурӯҳи «А».

1-ум давр: Қирғизистон – Эрон – 1:2

2-юм давр: Уммон – Қирғизистон – 5:1

Гурӯҳи «В».

1-ум давр: Ироқ – Афғонистон – 8:0; Арабистони Саудӣ – Баҳрайн – 3:1

2-юм давр: Баҳрайн – Ироқ – 1:2; Афғонистон – Арабистони Саудӣ – 0:8

Гурӯҳи «С».

1-ум давр: Сурия – Ҳиндустон – 2:0; Қатар – Туркманистон – 2:0

2-юм давр: Туркманистон – Сурия – 0:0; Ҳиндустон – Қатар – 0:1

Гурӯҳи «F»

1-ум давр: Австралия – Бруней – 2:0; Мянма – Сингапур – 2:0

2-юм давр: Сингапур – Австралия – 0:7; Бруней – Мянма – 0:3

Гурӯҳи «G»

1-ум давр: Лаос – Тайпейи Чин – 3:1; ҶХДК – Ҳонконг – 1:1

2-юм давр: Ҳонконг – Лаос – 1:1; Тайпэйи Чин – ҶХДК – 1:7

Гурӯҳи «Н»

1-ум давр: Индонезия – Малайзия – 0:3; Тайланд – Муғулистон – 1:1

2-юм давр: Муғулистон – Индонезия – 0:7; Малайзия – Тайланд – 0:3

Гурӯҳи «I»

1-ум давр: Кореяи Ҷанубӣ – Макао – 10:0; Ветнам – Тимори Шарқӣ – 4:0

2-юм давр: Тимори Шарқӣ – Кореяи Ҷанубӣ – 0:0; Макао – Ветнам – 1:8

Гурӯҳи «J»

1-ум давр: Ҷопон – Филиппин – 8:0; Чин – Камбоҷа – 0:0

2-юм давр: Филиппин – Чин – 0:2; Камбоҷа – Ҷопон – 0:2

Бозиҳои гурӯҳи "D” ба анҷом расидааст. Узбекистон дар ҳар се давр ғолиб омада, бо 9 хол ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифт. скачать dle 10.2 КиноСвин