До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Тими “Ҷавонон”-и кишвар аввалин бозиашро дар марҳилаи интихобии ЧО-2018 мусовӣ кард

Тими “Ҷавонон”-и кишвар аввалин бозиашро дар марҳилаи интихобии ЧО-2018 мусовӣ кард

 

Тими “Ҷавонон”-и кишвар аввалин бозиашро дар марҳилаи интихобии ЧО-2018 мусовӣ кард

Тими мунтахаби ҷавонони кишвар дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 дар гурӯҳи "Е” бозии аввалашро бо дастаи мунтахаби ҷавонони Фаластин мусовӣ (2:2) анҷом дод. Бозиҳои гурӯҳи "Е” дар шаҳри Хеврони Фаластин ҷараён мегирад.

Ҳисобро дар дақиқаи 18 бозингарони мизбон кушоданд. Баъд аз 15 дақиқа ба футболбозони мо даст дод, ки голи ҷавобӣ зананд: Эҳсони Панҷшанбе аз ҷониби чапи майдон тӯбро ба ҷаримагоҳ партофт ва ҳимоятгар Фирдавс Чақалов бо сар тӯбро вориди дарвозаи ҳариф кард.

Дар дақиқаи 51-уми бозӣ фаластиниҳо тӯби кунҷӣ заданд, ки он ба воситаи Зоир Ҷӯрабоев вориди дарвозаи дастаи мунтахаби ҷавонони мо гардид. Дар дақиқаи 75 футболбозони ҷавони кишвари мо комбинатсияи хуб иҷро карданд ва ҳамлагар Амирҷон Сафаров бо дарвозабони фаластиниҳо як ба як баромад, аммо дар ҷаримагоҳ аз по афтод. Довари майдон аз Уммон пеналтӣ таъин кард ва баъд аз зарбаи капитани тими мунтахаби мо Нозим Бобоҷонов дарвозабон тӯбро аз вориди дарвозааш гирифт.

Дар дақиқаҳои баъдӣ футболбозони мо чандин ҳолати хатарнокро дар нимаи майдони ҳариф эҷод карданд, аммо бенатиҷа. Бозӣ бо ҳисоби 2:2 ба поён расид.

Дар бозии дигари гурӯҳи "Е” дастаи Урдун ба дарвозаи тими Бангладеш 7 голи беҷавоб зад.

Бозиҳои даври дуюм фардо – 21 июл – баргузор мешаванд. Ҳарифи навбатии Тоҷикистон Бангладеш аст. Бозӣ соати 18:30 бо вақти Душанбе шуруъ мегардад. Дар рақобати дигар Фаластин ва Урдун вомехуранд.

Ёдовар мешавем, ки ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё, ки 9-27 январ дар Чин баргузор мешавад, ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастаи беҳтари ҷои дуюми гурӯҳҳо роҳхат мегиранд. То имрӯз бозиҳо дар гурӯҳи "D” ба анҷом расидаанд, ки тими ҷавонони Узбекистон ба марҳилаи финалӣ роҳхат ба даст овард.

Тими “Ҷавонон”-и кишвар аввалин бозиашро дар марҳилаи интихобии ЧО-2018 мусовӣ кард

Натиҷаи бозиҳои дигар гурӯҳҳо:

Гурӯҳи «А». Даври аввал

Қирғизистон – Эрон – 1:2

Гурӯҳи «В». Даври аввал

Ироқ – Афғонистон – 8:0

Арабистони Саудӣ – Баҳрайн – 3:1

Гурӯҳи «С». Даври аввал

Сурия – Ҳиндустон – 2:0

Қатар – Туркманистон – 2:0

Гурӯҳи «D»

Даври аввал

АМА – Непал – 5:0

Узбекистон – Лубнон – 3:1

Даври дуюм

Непал – Узбекистон – 0:2

Лубнон – АМА – 0:1

Даври сеюм

АМА – Узбекистон – 0:2

Лубнон – Непал – 2:0

Гурӯҳи «F». Даври аввал

Австралия – Бруней – 2:0

Мянма – Сингапур – 2:0

Гурӯҳи «G». Даври аввал

Лаос – Тайпэйи Чин – 3:1

ҶХДК – Ҳонконг – 1:1

Гурӯҳи «Н». Даври аввал

Индонезия – Малайзия – 0:3

Тайланд – Муғулистон – 1:1

Гурӯҳи «I». Даври аввал

Кореяи Ҷанубӣ – Макао – 10:0

Ветнам – Тимори Шарқӣ – 4:0

Гурӯҳи «J». Даври аввал

Ҷопон – Филиппин – 8:0

Чин – Камбоҷа – 0:0 скачать dle 10.2 КиноСвин