До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Эстафетаи оташи олимпии Олимпиада-2018 дар Пхенчон 1 ноябр шуруъ мегардад

Эстафетаи оташи олимпии Олимпиада-2018 дар Пхенчон 1 ноябр шуруъ мегардад

 

Эстафетаи оташи олимпии Олимпиада-2018 дар Пхенчон 1 ноябр шуруъ мегардад

Эстафетаи Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 дар Пхенчони Кореяи Ҷанубӣ 1 ноябр оғоз мегардад.

Оташи олимпӣ 24 октябр чун анъана дар шаҳри Олимпи Юнон афрохта мешавад. Эстафета дар ҳудуди Кореяи Ҷанубӣ 100 рӯз қабл аз Олимпиада-2018 – 1 ноябр шуруъ мегардад. Масофаи эстафета 2018 километрро дар бар мегирад ва аз 17 шаҳру вилоятҳои ин кишвар мегузарад. Дар он 7,5 ҳазор машъалбардор иштирок мекунанд.

Феълан исми шахсе, ки эстафетаро анҷом дода, оташи олимпиро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар медиҳад, эълон нашудааст. Аммо бисёриҳо бар ин фикранд, ки ин нафар қаҳрамони Олимпиадаи соли 2010 дар намуди рақси рӯи ях (инфиродӣ) Ким Ю На мебошад.

Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 аз 9 то 26 феврал дар шаҳри Пхенчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад. скачать dle 10.2 КиноСвин