До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Каратечиёни Тоҷикистон дар чемпионати Осиё соҳиби як медали нуқра шуданд

Каратечиёни Тоҷикистон дар чемпионати Осиё соҳиби як медали нуқра шуданд

 

 13-16 июл дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 16-умин чемпионати Осиё оид ба каратэ-до миёни наврасон ва ҷавонон ва 14-умин чемпионати Осиё оид ба карате-до миёни калонсолон баргузор шуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон соҳиби 1 медали нуқра гардид.

Ҳоҷиқурбон Маҳмадов дар вазни -55 кило миёни ҷавонон бар ҳарифонаш Артём Пак аз Қирғизистон, Каушик Аравинд аз Ҳиндустон ғалаба карда, дар финал аз варзишгари Индонезия Муктӣ Ваҳю шикаст хурда, сазовори ҷои дуюм шуд.

Варзишгарони дигари дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ аз медалҳо бенасиб монданд. Дастаи мунтахаби ҷумҳурии мо дар ҳайати 23 нафар дар ин чемпионат иштирок карданд. Натиҷаи беҳтарро Нигина Давлатова дар вазни -53 кило миёни ҷавонон, Мухторшайх Файзуллоев дар вазни +84 кило миёни ҷавонони то 21-сола, Фарангис Баҳромзода дар вазни -68 кило миёни калонсолон, Шероз Икромов дар вазни -84 кило миёни калонсолон (ҳама - ҷои панҷум), Умед Сафаров дар вазни -76 кило миёни ҷавонон, Сайёд Ғафуров дар вазни -60 кило миёни ҷавонони то 21-сола ва Фирӯза Махсудова дар вазни +68 кило миёни калонсолон (ҳама – ҷои ҳафтум) нишон доданд.

Дар чемпионати Осиё оид ба каратэ миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон наздики беш аз 600 варзишгар аз давлатҳои Осиё ширкат карданд. Дар ҳисоби даставӣ Эрон бо 20 медали тилло, 12 нуқра, 10 биринҷӣ сазовори ҷои аввал шуд. Мақомҳои дуюму сеюмро Ҷопон (16, 8, 14) ва Қазоқистон (8, 6, 13) ишғол карданд.

Каратечиёни Тоҷикистон дар чемпионати Осиё соҳиби як медали нуқра шуданд

 

скачать dle 10.2 КиноСвин