До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 2 медали биринҷии дзюдочиёни ҷавони тоҷик дар чемпионати Осиё-2017

2 медали биринҷии дзюдочиёни ҷавони тоҷик дар чемпионати Осиё-2017

 

2 медали биринҷии дзюдочиёни ҷавони тоҷик дар чемпионати Осиё-2017

Тавре хабар дода будем, имрӯз – 15 июл - дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон шуруъ гардид. Рақобатҳо дар 4 вазн: -55, -60, -66, -73 миёни мардон ва 4 вазн: -44, -48, -52, -57 миёни бонувон сурат гирифт.

Ду паҳлавони ҷумҳурии мо – Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни -66 кило ва Эраҷ Абдуллоев дар вазни -73 кило сазовори медали биринҷӣ шуданд. Муҳаммадраҳим дар марҳилаи муқаддамотӣ дар даври аввал бар варзишгари Ветнам Ҳай Нгуйен ғолиб омада, дар даври дуюм аз Кений Ҳарадаи ҷопонӣ мағлуб гашт. Ӯ дар қувваозмоиҳо барои ҷои сеюм Ҷаъфар Фирӯзободӣ (Эрон) ва Сунггат Жубаткан (Қазоқистон)-ро шикаст дод. Эраҷ дар марҳилаи муқаддамотӣ бар Ҷесик Ан (Кореяи Ҷанубӣ) ва Шо Катсуба (Ҷопон) пирӯз шуда, ба нимфинал роҳ ёфт, аммо дар нифинал аз Мирзо Собиров (Узбекистон) шикаст хурд. Эраҷ дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Ишен Аманов (Қирғизистон)-ро мағлуб кард.

Инчунин, натиҷаи беҳтарро варзишгарони мо миёни бонувон нишон доданд. Шоҳида Қаландарова ва Фазилат Гулбоева дар вазни -57 кило сазовори ҷои 7-ум шуданд.

4 варзишгари дигари тоҷик – Сомон Аламов (-55 кило), Олим Назриев (-60 кило) миёни мардон, Шукрона Қарчиева (-48 кило) ва Ойишабону Қурбоналиева (-52 кило) миёни бонувон дар даври аввал аз рақибонашон мағлуб гаштанд.

Рақобатҳо фардо – 16 июл – идома меёбад. Варзишгарони мо - Раҳматуллобек Фарҳодов (-81 кило), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (-90 кило), Темур Раҳимов (-100 кило) ва Хуршед Маҷидову Муҳаммадбек Фарҳодов (+100 кило) барои медалҳо талош мекунанд.

Дар ин чемпионат 178 варзишгар (107 мард, 71 зан) аз 17 давлати қора иштирок доранд.

2 медали биринҷии дзюдочиёни ҷавони тоҷик дар чемпионати Осиё-2017

 


скачать dle 10.2 КиноСвин