До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ҷаҳонгир Маҷидов қаҳрамони Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон шуд

Ҷаҳонгир Маҷидов қаҳрамони Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон шуд

 

Ҷаҳонгир Маҷидов қаҳрамони Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон шуд

Паҳлавони умедбахши кишвар Ҷаҳонгир Маҷидов қаҳрамони Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон шуд.

 

Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон дирӯз – 13 июл - дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуруъ гардид. Дар рақобатҳо 155 варзишгар (занону мардон) аз 14 давлат ширкат карданд.

Ҷаҳонгир, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Ҳаршприт Сингҳи ҳиндустониро мағлуб карда, ба даври нимфинал баромад. Ӯ дар нимфинал Чен Ҳан Ҳсу аз Тайпейи Чин ва дар финал Серикболсун Шинтаси қазоқистониро шикаст дод.

Варзишгари дигари кишвар – Абубакри Акобир дар вазни -90 кило ҷойи ҳафтумро ишғол кард.

Ёдвар мешавем, ки дирӯз Разиаллоҳ Лоиқов дар вазни -66 кило ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Шарифбек Набиев (-50 кило) ва Умед Исматуллобеков (-55 кило) сазовори ҷойҳои панҷум шуданд.

Дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон аз ҷумҳурии мо 10 варзишгар дар ҳамаи 8 вазн миёни мардон барои медалҳо рақобат карданд.

Дар ҳисоби даставӣ Узбекистон бо ба даст овардани 3 медали тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ ҷои аввалро сазовор гашт. Кореяи Ҷанубӣ бо 3 медали тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ҷои дуюм, Қазоқистон бо 2 медали тилло, 6 нуқра, 7 биринҷӣ ҷои сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо 2 медали тилло, 2 ҷои панҷум ва 1 ҷои ҳафтум мақоми шашумро касб кард.

Рӯзҳои 15-16 июл дар шаҳри Бишкек Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон идома меёбад.

скачать dle 10.2 КиноСвин