До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Разиаллоҳ Лоиқов қаҳрамони Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон шуд

Разиаллоҳ Лоиқов қаҳрамони Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон шуд

 

Разиаллоҳ Лоиқов қаҳрамони Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон шуд

Имрӯз – 13 июл дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 16-умин чемпионати Осиё оид ба каратэ-до миёни наврасон ва ҷавонон ва дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон шуруъ шуд, ки варзишагрони мо соҳиби як медали тилло ва як нуқра шуданд.

Паҳлавони навраси кишвар Разиаллоҳ Лоиқов дар вазни -66 кило қаҳрамони Осиё шуд. Ӯ дар марҳилаи муқаддамотӣ Чинг Лонг Вонг аз Ҳонконг, Достон Шайахметов аз Қазоқистонро шикаст дода, ба марҳилаи нимфинал роҳ ёфт. Дар нимфинал варзишгари дигари Қазоқистон Ислом Тахтасун ва дар финал паҳлавони Қирғизистон Нурсалим Иличбек Улуро мағлуб кард.

Дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон Шарифбек Набиев дар вазни -50 кило ва Умед Исматуллобеков дар вазни -55 кило ба гирифтани ҷойҳои панҷум сазовор шуданд. Рақобатҳо дар 4 вазни дигар (-73, -81, -90, +90) фардо идома меёбад, ки варзишгарони Тоҷикистон низ қувваозмоӣ мекунанд.

Дар чемпионати Осиё оид ба каратэ миёни ҷавонон бошад, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов дар вазни -55 кило медали нуқра ба даст овард. Ӯ бар ҳарифонаш Артём Пак аз Қирғизистон, Каушик Аравинд аз Ҳиндустон ғалаба карда, дар финал аз варзишгари Индонезия Муктӣ Ваҳю шикаст хурд. Нигина Давлатова дар вазни -53 кило миёни бонувон ҷои панҷумро ишғол кард.

Чемпионати Осиё оид ба каратэ миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон то 16 июл идома меёбад. скачать dle 10.2 КиноСвин