До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » КБО тасмим гирифт мизбони ду олимпиадаро якбора интихоб кунад

КБО тасмим гирифт мизбони ду олимпиадаро якбора интихоб кунад

 

КБО тасмим гирифт мизбони ду олимпиадаро якбора интихоб кунад

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) 11 июл дар ҷаласаи ғайринавбатиаш дар Лозанна тасмим гирифт, ки мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпии солҳои 2024 ва 2028-ро якбора интихоб мекунад. Интихобот ҳангоми баргузории иҷлосияи 131-уми КБО дар пойтахти Перу – шаҳри Лима 13 сентябри соли 2017 сурат мегирад.

Барои мизбонии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 Париж ва Лос-Анҷелос довталабанд.

Дар бораи таъсиси комиссияи сеҷониба бо иштироки Кумитаи иҷроияи КБО, кумитаҳои дархостдиҳии Париж ва Лос-Анҷелос, ҳамчунин кумитаҳои миллии олимпии Фаронса ва ШМА қарор қабул шуд. Агар ҷонибҳо дар мавриди макони баргузории Бозиҳои олимпии-2024 ба тавофуқ бирасанд, пас дар ҷаласаи 131-уми КБО пойтахти Олимпиада-2024 интихоб мешавад, шаҳри дуюм ба таври автоматӣ ҳуқуқи мизбонии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2028-ро ба даст меорад. Аммо, агар созишнома ба имзо нарасад, дар Лима танҳои мизбони Олимпиада-2024 интихоб хоҳад шуд.

Қарор дар бораи интихоби якбораи мизбонҳои якчанд олимпиада сад сол пеш қабул гардида буд. Он замон якбора макони баргузории Бозиҳои олимпии солҳои 1924, 1928 ва 1932 эълон шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил эстафетаи Олимпиада ба мири шаҳри Токио дода шуд. Дар ин ҷо Бозиҳои олимпии соли 2020 доир мегардад.
 
Дар акс Президенти КБО Томас Бах (дар байн) бо раисони шаҳрҳои Париж ва Лос-Анҷелос
скачать dle 10.2 КиноСвин