До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 158 медали варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои байналмилалӣ дар шаш моҳи аввали соли 2017

158 медали варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои байналмилалӣ дар шаш моҳи аввали соли 2017

158 медали варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои байналмилалӣ дар шаш моҳи аввали соли 2017

Имрӯз – 13 июл – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ аз фаъолияти шаш моҳи аввали соли 2017-и кумита натиҷагирӣ карда, ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб дод.

 

Аз ҷумла, зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 223 варзишгари дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда, ба хазинаи варзиши ҷумҳурӣ 158 медал (46 тилло, 41 нуқра ва 71 биринҷӣ) ворид намудаанд. Барои сафарбар кардани онҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 666 246 (шашсаду шасту шаш ҳазору дусаду чилу шаш) сомонӣ маблағгузорӣ кардааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар қаламрави кишвар баҳри таъмини оммавияти варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим 4184 чорабинӣ (нисбат ба соли 2016 1022 чорабинӣ зиёд) бо фарогирии 893478 нафар (нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 252 266 нафар зиёд) доир шуд.

Бо мақсади амалигардонии татбиқи банди 3 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013 баён гардидаанд ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷомеа ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ Рӯзи варзиш эълон шуда, дар ҷойҳои мусоид, аз ҷумла, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва назди хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардиданд. Тибқи маълумоти оморӣ дар 6 моҳи аввали соли 2017 дар 1375 машқҳои пагоҳирӯзӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 214000 нафар (54068 нафар нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 зиёд ), аз ҷумла 53396 нафар бону (10650 бону нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 зиёд) ширкат карданд.

Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 8850 иншооти варзишӣ (260 иншоот нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 зиёд), новобаста аз шакли моликияташон, ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 117 варзишгоҳ (6 варзишгоҳ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 зиёд), 6204 майдончаи варзишӣ (148 майдончаи варзишӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 зиёд), 1655 толори варзишӣ (45 толори варзишӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 зиёд), 85 ҳавзи шиноварӣ (2 ҳавзи шиноварӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 зиёд) ва 789 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ (59 иншооти махсуси варзишӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 зиёд) аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҷумҳурӣ 134 мактаби варзишӣ (2 мактаби варзишӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 зиёд) амал менамоянд, ки аз ин 5 мактаби маҳорати олии варзишии ҷумҳуриявӣ, як Маркази омодагии олимпӣ дар шаҳри Хоруғ, 2 мактаби маҳорати олии варзишии вилоятӣ, 3 мактаби махсуси варзишии ҷумҳуриявӣ, 12 мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ (10 мактаб дар шаҳри Душанбе, 1 мактаб дар шаҳри Хуҷанд ва 1 мактаб дар ноҳияи Рӯдакӣ), 90 мактаби варзишӣ (2 мактаб нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 зиёд) дар шаҳру ноҳияҳо ва 21 мактаби варзишӣ дар тобеияти Иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии "Ҳосилот” мебошанд. Дар мактабҳои варзишӣ 3165 гурӯҳ (53 гурӯҳ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 зиёд) бо фарогирии 31349 наврасу ҷавон аз намудҳои олимпӣ (1620 машқварз аз рӯи намуди олимпӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 зиёд) ва 340 гурӯҳ аз намуди миллии варзиш (44 гурӯҳ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 зиёд) бо фарогирии 6717 наврасу ҷавон амал намуда, дар маҷмуъ 44784 нафар наврасу ҷавон ҳаррӯза ба машқу тамрин фаро гирифта мешаванд, ки 7136 нафарашро бонувон ташкил медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ зери роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ марҳилаи якум ва дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бо фарогирии 1576 варзишгар, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо фарогирии 9241 варзишгар, дар вилояти Хатлон бо фарогирии 10764 варзишгар, дар шаҳри Душанбе бо фарогирии 2160 варзишгар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо фарогирии 3250 варзишгар аз рӯи 8 намуди варзиш баргузор гардид. скачать dle 10.2 КиноСвин