До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Чемпиоанти Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон шуруъ мешавад

Чемпиоанти Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон шуруъ мешавад

 

Чемпиоанти Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон шуруъ мешавад

Имрӯз – 13 июл – дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон шуруъ мешавад.

Дар рақобатҳо 155 варзишгар (занону мардон) аз 14 давлат барои 16 маҷмуи медалҳо вориди рақобат мешаванд.

10 варзишгари навраси кишвари мо дар 8 вазн миёни мардон барои медалҳо рақобат мекунанд: Дар даври аввал Шарифбек Набиев дар вазни -50 кило бо Шерзод Давлатов (Қазоқистон), Суҳроб Алихонов (-55 кило) бо Сухбат Бямбасурен (Муғулистон), Умед Исматуллоев (-55 кило) бо Чӣ Ин Лӣ (Макао), Сафарғанӣ Қурбонбеков (-60 кило) бо Нармандах Баянмух (Муғулистон), Разиаллоҳ Лоиқов (-66 кило) бо Чинг Лонг Овен Ванг (Ҳонконг), Абдулхайр Абдуллоев (-73 кило) бо Ёнгвон Ҳванг (Кореяи Ҷанубӣ), Абубакри Акобир (-90 кило) бо Саад Ал-Шамранӣ (Арабистони Саудӣ), Эмомризо Қурбонов (-90 кило) бо Сипеҳр Алинажод (Эрон), Шаҳбоз Тӯраев (+90 кило) бо Кай Ҳсин Янг (Тайпей) гуштин мегиранд. Як варзишгари дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кило) дар даври аввал озод аст.
 
Дар акс Ҷаҳонгир Маҷидов
скачать dle 10.2 КиноСвин