До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Тими “Ҷавонон”-и кишвар бо ҳамсолонашон аз АМА бозии дӯстона карданд

Тими “Ҷавонон”-и кишвар бо ҳамсолонашон аз АМА бозии дӯстона карданд

Тими “Ҷавонон”-и кишвар бо ҳамсолонашон аз АМА бозии дӯстона карданд

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018, тими мунтахаби ҷавонони то 22-солаи кишвар оид ба футбол дар Ал-Айн бо ҳамсолонашон аз давлати Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) бозии рафиқона карданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дидор дар варзишгоҳи "Таҳнун Бин Муҳаммад” бо ғалабаи тими мизбон анҷом ёфт – 2:1. Ҳисобро пеш аз танаффус Шоҳин Суроур Сайф Ал-Дармакӣ кушод. Дар дақиқаи 67 бозингари тими мизбон Алӣ Ид Амир Ал-Яҳё ҳисобро афзуд – 2:0. Голи дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро Шаҳром Самиев ба ҳадаф расонд.

Ҷамъомади тамринӣ-омӯзишии тими мунтахаби ҷавонони кишвар дар АМА то 16 июл идома меёбад. Футболбозони ҷавони кишвар сипас ба Уммон ва тариқи давлати Исроил ба шаҳри Хеврони Фаластин сафар мекунанд. Дар Хеврон аз 19 то 23 июл марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 (U-23) дар гурӯҳи "Е” баргузор мешавад. Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Фаластин (19 июл), Бангладеш (21 июл) ва Урдун (23 июл) вомехӯрад.

Ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё, ки аз 9 то 27 январи соли 2018 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегардад, ғолибони 10 гурӯҳи марҳилаи интихобӣ ва 5 дастае, ки дар гурӯҳашон натиҷаи беҳтар нишон медиҳанд, роҳхат мегиранд.

Тими “Ҷавонон”-и кишвар бо ҳамсолонашон аз АМА бозии дӯстона карданд

БОЗИИ РАФИҚОНА

 

АМА (U-22) – Тоҷикистон (U-22) – 2:1

Голҳо: Шоҳин Суроур Сайф Ал-Дармакӣ, 43 (1:0). Алӣ Ид Амир Ал-Яҳё, 67 (2:1). Шаҳром Самиев, 73 (2:1).

ТОҶИКИСТОН (U-22): Беҳрӯз Хайриев (Фатҳулло Бобоев, 46), Зоир Ҷӯрабоев (Доробҷон Эргашев, 70), Табрези Давлатмир (Далер Умаров, 64), Азимҷон Раҳмонов (Фаррух Фузайлов, 56), Ойбек Абдуғаффоров (Зиёвуддин Фузайлов, 46), Фирдавс Чақалов (Ваҳдат Ханонов, 46), Кароматулло Саидов (Муҳсинҷон Парпиев, 46), Эҳсони Панҷшанбе (Шаҳром Самиев, 58), Нозим Бобоҷонов (Вайсиддин Сафаров, 61), Муҳаммадҷони Ҳасан (Худойдод Узоқов, 56), Шериддин Бобоев (Амирҷон Сафаров, 46).

Сардовар: Султон Абдураззоқ Ал-Марзукӣ (АМА).

10 июл. Ал-Айн (АМА). Варзишгоҳи «Таҳнун Бин Муҳаммад». 200 бинанда. скачать dle 10.2 КиноСвин