До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Дилшод Назаров бори чорум қаҳрамони Осиё шуд

Дилшод Назаров бори чорум қаҳрамони Осиё шуд

 

Дилшод Назаров бори чорум қаҳрамони Осиё шуд

XXII Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, ки 6 июл дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон оғоз гардида буд, ба анҷом расид. Варзишгари маъруфи кишвар, Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ бори чорум Қаҳрамони Осиё шуд.

Дилшод Назаров ин навбат гурзро ба дурии 76 метру 69 сантиметр ҳаво дод. Мақоми дуюм бо натиҷаи 73 метру 81 сантиметр насиби Шизу Ванги чинӣ гардид. Медали биринҷиро бо натиҷаи 73 метру 77 сантиметр Ювунчул Ли аз Кореяи Ҷанубӣ соҳиб шуд.

Ин ягона медали тими Тоҷикистон дар ин чемпионат аст. 6 варзишгари дигари Тоҷикистон – Даврон Атабоев дар сабқати дав (масофаи 100 ва 400 метр), Кристина Пронженко (400 метр ва 400 метр бо монеа), Одилшо Исматов (800 метр), Алишер Пулотов, Азизҷон Абдуллоев (400 метр бо монеа) ва Григорий Дерепаскин (200 ва 400 метр) аз медалҳо маҳрум монданд. Фақат Кристина Пронженко натиҷаи беҳтар нишон дод. Ӯ дар давидан ба масофаи 400 метр миёни занон бо натиҷаи 54,62 сония дар даври финалӣ мақоми шашумро ишғол кард.

Дилшод Назаров бори чорум қаҳрамони Осиё шуд

Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари қора эълон кард. Ӯ солҳои 2009, 2013, 2015 низ Қаҳрамони Осиё гардидааст. Акнун Дилшод Назаров ба чемпионати ҷаҳон, ки 4-13 август дар Лондон (Британияи Кабир) баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.

Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон бо як медали тилло дар чемпионати Осиё-2017 миёни 45 кишвар ҷои 13-умро ишғол кард. Ҳиндустон бо 29 медал (12 тилло, 5 нуқра, 12 биринҷӣ) сазовори ҷои аввал гардид. Варзишгарони Чин бо 20 медал (8, 7, 5) ҷои дуюм ва Қазоқистон бо 8 медал (4, 2, 2) ҷои сеюмро ишғол карданд. Умуман, варзишгарони 14 давлат ба унвони қаҳрамонӣ расиданд. 22 давлат соҳиби медал шуданд.

Дилшод Назаров бори чорум қаҳрамони Осиё шуд

 


скачать dle 10.2 КиноСвин