До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Варзишгарони ҷавони тоҷик дар чемпионати Осиё-2017 оид ба дзюдо иштирок мекунанд

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар чемпионати Осиё-2017 оид ба дзюдо иштирок мекунанд

 

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар чемпионати Осиё-2017 оид ба дзюдо иштирок мекунанд

13-16 июли соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мегардад. Варзишгарони соли таваллудашон 2000-2002 дар 8 вазн миёни ҳам рақобат мекунанд.

Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мусобиқа 11 варзишгарро сафарбар кардааст: Сомон Аламов (вазни -55 кило), Суҳроб Бобоев, Олим Назриев (-60 кило), Муллораҷаб Халифаев, Муҳаммадраҳим Сарахонов (-66 кило), Хаёмиддин Ҷабборов (-73 кило), Раҳматуллобек Фарҳодов (-81 кило), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (-90 кило), Темур Раҳимов (-100 кило) миёни мардон ва Шукрона Қарчиева (-48 кило), Ойишабону Қурбоналиева (-52 кило), Шоҳида Қаландарова, Фазилат Гулбоева (-57 кило) миёни занон.

Мураббии клуби варзишии "Вастан” Рустам Назаров ба АИ "Азия плюс” гуфтааст, ки аксари варзишгарон шогирдони ӯ ҳастанд ва дар дараи Ромит ба ҷамъомадҳои машқиву омӯзишӣ фаро гирифта шуда буданд. Мураббӣ умед кардааст, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.

Ба гуфтаи Рустам Назаров чемпионати Осиё омодагии хуби варзишгарон ба чемпионати ҷаҳон миёни навҷавонон (Чилӣ, 9-13 август) ва миёни ҷавонон (Кореяи Ҷанубӣ, 18-22 октябр) хоҳад буд.

Ҳамроҳи варзишгарон намояндаи расмӣ Ширинҷон Муҳаммадсафоев, мураббиён Мустақим Аминов, Шералӣ Бозоров, Рустам Назаров, Ризқиддин Раҷабов, Холмаҳмад Толибов ва доварон Зариф Назриев, Рамзӣ Шамиров дар мусобиқа иштирок мекунанд.

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар чемпионати Осиё-2017 оид ба дзюдо иштирок мекунанд

 


скачать dle 10.2 КиноСвин