До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 23 варзишгари тоҷик ба чемпионати Осиё оид ба каратэ-до сафарбар гардиданд

23 варзишгари тоҷик ба чемпионати Осиё оид ба каратэ-до сафарбар гардиданд

 

23 варзишгари тоҷик ба чемпионати Осиё оид ба каратэ-до сафарбар гардиданд

13-16 июл дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 14-умин чемпионати Осиё оид ба каратэ-до миёни калонсолон ва 16-умин чемпионати Осиё оид ба каратэ-до миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мегардад.

Дар мусобиқот наздики 1000 варзишгар аз давлатҳои қора, аз ҷумла 23 варзишгар аз Тоҷикистон, барои 70 маҷмуи медалҳо рақобат мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи каратэ-дои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷумҳурии моро дар ин мусобиқот Суҳробҷон Каримов (вазни -52 кило), Аслиддин Акбаров (-57 кило), Алишер Қаюмов (-70 кило) миёни наврасон; Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (-55 кило), Муҳаммадёри Ҳикматулло (-61 кило), Абдуваҳоб Шарапов (-68 кило), Умед Сафаров (-76 кило), Нигина Давлатова (-55 кило) миёни ҷавонон; Сайёд Ғафуров (-60 кило), Қамар Қамаров (-67 кило), Мухторшейх Файзуллоев (+84 кило), Муҳайёи Музаффар (-50 кило) миёни ҷавонони то 21-сола ва Муҳсин Раҳматов (-55 кило), Далер Баротов (-60 кило), Раҷаббек Раҳимов (-67 кило), Фаррухҷон Раҳимов (-75 кило), Бадриддин Умедов (+84 кило), Гулосори Суҳроб (-55 кило), Лола Лиситса (-61 кило), Фарангис Баҳромзода (-68 кило), Алан Болиев (кумитэи даставӣ), Баҳодурхон Бобохонов (кумитэи даставӣ), Фирӯза Махсудова (+68, ката) миёни калонсолон зери роҳбарии мураббӣ Муҳаммад Бодаков намояндагӣ мекунанд.

Каратэ-до варзиши қадимаи ҷопониҳост. Моҳи августи соли 2016 дар конгресси Кумитаи байналмилалии олимпӣ каратэ-до ба барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 ворид карда шуд.

23 варзишгари тоҷик ба чемпионати Осиё оид ба каратэ-до сафарбар гардиданд

Дар акс: Фарангис Баҳромзода 


скачать dle 10.2 КиноСвин