До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Федератсияи ҷаҳонии таеквондо тағйири ном кард

Федератсияи ҷаҳонии таеквондо тағйири ном кард

 

 

Федератсияи ҷаҳонии таеквондо (WTF) чанде пеш аз тағйири номаш ба Таеквондои ҷаҳонӣ (World taekwondo) хабар дод. Нишони федератсия низ нав шуда, он аз "варзишгар дар ҳолати шатазанӣ” дар шакли ҳарфи "Т” иборат мебошад.

Президенти Таеквондои ҷаҳонӣ Чангвон Чоу гуфтааст: "Имрӯз санаи муҳим дар таърихи федератсияи мо мебошад. Аз соли 1973 мо чун Федератсияи ҷаҳонии таеквондо маъруф будем. Дар ин 44 сол мо таеквондоро ба варзиши ҷаҳонӣ табдил додем. Ин аст, ки имрӯз 208 федератсия ба узвият пазируфта шудаанд. Мо имкон дорем дар Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ мусобиқа гузаронем”.

Гуфта шудааст, ки сабаби тағйири номи федератсия (кӯтоҳ шудани он) бештар наздик шудан бо ҷавонон дар асри технология мебошад. скачать dle 10.2 КиноСвин