До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Дилшод Назаров – беҳтарин варзишгари Осиё

Дилшод Назаров – беҳтарин варзишгари Осиё

 

Дилшод Назаров – беҳтарин варзишгари Осиё

Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё варзишгари маъруфи кишвар, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 дар намуди гурзандозӣ Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари Осиё эълон кард.

Дар номаи табрикии президенти Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё, ҷаноби Даҳлан Ал Ҳамад гуфта шудааст: "Хушҳолам, ки аз номи Федератсияи варзиши сабуки Осиё ва федератсияҳои варзиши сабуки кишварҳои қора Шуморо ба ин ҷоиза сазовор шуданатон хабардор карда, шодбош мегӯям. Ин ҷоиза қадрдонии меҳнатҳои шабонарӯзии Шумост. Бовар дорем, ки дар оянда низ ба дастоварҳои назаррас ноил мегардед. Мо медонем, ки барои ба мақсад расидан Шумо заҳмати зиёд мекашед. Мо ба Шумо муваффақият ва дар муаррифии кишваратон ва ҳамин тавр қораи Осиё комёбӣ мехоҳем”.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров солҳои 2015 ва 2016 беҳтарин варзишгари соли Тоҷикистон эълон шудааст.

Дилшод Назаров Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016, 3 карат Қаҳрамони Бозиҳои Осиё-2006, 2010, 2014, барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон-2015, се карат Қаҳрамони Осиё-2009, 2013, 2015 ва ҷоизадори бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.

Дилшод Назаров – беҳтарин варзишгари Осиё

Дилшод Назаров дар чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, ки фардо 6 июл дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон оғоз гардида, то 9 июл идома меёбад иштирок мекунад. Ҳамроҳи ӯ дар ин мусобиқа 6 варзишгари дигари Тоҷикистон – Даврон Атабоев дар сабқати дав (масофаи 100 ва 400 метр), Кристина Пронженко (400 метр ва 400 метр бо монеа), Одилшо Исматов (800 метр), Алишер Пулотов, Азизҷон Абдуллоев (400 метр бо монеа) ва Григорий Дерепаскин (200 ва 400 метр) иштирок менамоянд.

скачать dle 10.2 КиноСвин