До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Рӯзи олимпӣ дар ҷумҳурӣ бошаҳомат таҷлил шуд

Рӯзи олимпӣ дар ҷумҳурӣ бошаҳомат таҷлил шуд

 

 

Ҳар сол 23 июн, ба муносибати барқарор шудани ҳаракати олимпӣ дар шакли муосир, дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил мегардад.

Имрӯз дар робита ба ин сана Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои варзишӣ доир кард.

Рӯзи олимпӣ субҳи барвақт бо машқҳои пагоҳирӯзӣ оғоз ёфт. Сипас, дар варзишгоҳу толорҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш мусобиқаву чорабиниҳои варзишӣ баргузор шуд. Аз ҷумла, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мусобиқаҳо аз рӯи намуди варзиши сабук, футболи хурд, дар МҶМОВ оид ба намудҳои гуштин мусобиқаҳо оид ба гуштини озод, юнонӣ-римӣ, дзюдо, баскетбол, дар "Кӯли ҷавонон” мусобиқа оид ба қайиқронӣ, дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мусобиқаҳо оид ба чавгонбозӣ, вазнбардорӣ, баскетбол, гуштини миллӣ, дар Клуби варзишии "Динамо”-и ВКД мусобиқа оид ба шиноварӣ, дар толори "Вефа-сентр” мусобиқа оид ба таеквандо, дар МҶМОВ №5 мусобиқаи волейбол ва ғайра доир гардиданд.

Рӯзи байналмилалии олимпӣ бо қарори иҷлосияи 42-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ аз соли 1948 ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз бо ташаббуси Пйер де Кубертен соли 1894 Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъсис ёфтааст.
 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


скачать dle 10.2 КиноСвин