До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Кристина рекорди варзишии давро шикаст

Кристина рекорди варзишии давро шикаст

 

Кристина рекорди варзишии давро шикаст

Варзишгар Кристина Пронженко дар мусобиқаи дави 400 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 59,70 сония рекорди ин намуди варзишро дар Тоҷикистон дигар кард.

Рекорди қаблии ин намуди варзиш ба 59,78 сония баробар ва 34 сол пойдор буд. "Бисёр хушҳолам, ки тавонистам рекорди нави миллӣ барпо кунам. Пеш аз давидан эҳсос доштам, ки метавонам рекордшиканӣ кунам. Воқеан, мояи хушҳолӣ аст", — гуфтааст Кристина дар суҳбат бо хабарнигори "Sputnik Тоҷикистон”.

Вай акнун барои ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ омода мешавад. Чунончи, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Бишкек ва Алммато, ки ҳамин моҳ баргузор мешаванд. скачать dle 10.2 КиноСвин