До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Сомон дар Ҷоми Аврупо ҷои панҷумро ишғол кард

Сомон дар Ҷоми Аврупо ҷои панҷумро ишғол кард

 

Сомон дар Ҷоми Аврупо ҷои панҷумро ишғол кард

Варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми кушоди Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон дар вазни -66 кило сазовори ҷои панҷум гардид.

 

Мусобиқа дар Лейбнизи Австрия бо иштироки 516 (298 мард, 218 зан) варзишгар аз 28 кишвар баргузор шуд.

Сомон, ки ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд, дар даври муқаддамотӣ Омер Шайман (Исроил), Иброҳим Алиев (Озарбойҷон), Самуел Фаскинато (Италия)-ро шикаст дода, ба даври нимфинал баромад. Вале дар нимфинал аз варзишгари дигари Италия Луигӣ Бруддетӣ шикаст хурд. Дар рақобат барои ҷои сеюм бошад, аз варзишгари булғорӣ Денислав Иванов мағлуб гашта, ҷои панҷумро ишғол кард.

Дар ҳисоби даставӣ Ҷопон бо 4 медали тилло ва як биринҷӣ сазовори ҷои аввал гашт. Русия бо 2 медали тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ ҷои дуюм, Қазоқистон бо 2 медали тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ мақоми сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо як ҷои панҷум миёни 28 кишвари иштирокчӣ ҷои 21-умро касб кард.

Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков моҳи апрели соли равон дар Ҷоми Африқо сазовори медали тилло гардида буд. Ӯ таҳтиназари мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо дар шаҳри Иркутски Федератсияи Русия тамрин мекунад.

скачать dle 10.2 КиноСвин