До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Медали нуқраи Дилшод Назаров дар Олмон

Медали нуқраи Дилшод Назаров дар Олмон

 

Медали нуқраи Дилшод Назаров дар Олмон

Варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров – қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 – дар мусобиқаи ҷаҳонии гурзандозӣ сазовори медали нуқра шуд.

Мусобиқа дар шаҳри Ҳаллеи Олмон доир гашт. Дилшод гурзро ба масофаи 77 метру 11 сантиметр ҳаво дод. Ҷои аввалро Павел Фаҷдеки лаҳистонӣ бо натиҷаи 82 метру 31 сантиметр ишғол кард. Медали биринҷӣ насиби варзишгари бритониёӣ Ник Миллер (76 метру 81 сантиметр) гашт.

Ин мусобиқа барои Дилшод Назаров пеш аз чемпионати ҷаҳон оид ба гурзандозӣ, ки моҳи август дар Лондон баргузор мешавад,санҷишӣ ҳисоб мешавад.

скачать dle 10.2 КиноСвин