До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » “Истиқлол” ба марҳилаи баъдии Ҷоми КФО-2017 роҳ ёфт

“Истиқлол” ба марҳилаи баъдии Ҷоми КФО-2017 роҳ ёфт

 

“Истиқлол” ба марҳилаи баъдии Ҷоми КФО-2017 роҳ ёфт

Чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон – дастаи "Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 дар гурӯҳи "D” тими "Олтин Асир”-и Ашхободро (Туркманистон) бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, ба марҳилаи баъдии мусобиқа – нимфинали байниминтақавӣ - роҳхат гирифт.

Голи ягонаи ин вохӯриро, ки шоми 31 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, бо иштироки 9 ҳазор мухлиси футбол баргузор шуд, дар дақиқаи 90+2 Дилшод Восиев зад.

Баъди ин пирӯзӣ дастаи "Истиқлол” дар гурӯҳи "D”бо 16 хол ҷои аввалро ишғол кард. Шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев аз шаш бозӣ дар 5-тоаш ғалаба карда, 1 бозиро мусовӣ ба анҷом расониданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳарифи тими "Истиқлол” дар нимфинали байниминтақавии Ҷоми КФО-2017 шояд "Бенгалуру” (Ҳиндустон), "25 апрел” (ҶХДК) ё ғолии ҷуфти "Хоум Юнайтед” (Сингапур) – "Тсерес” (Филиппин) гарданд. Қуръакашии ин марҳила 6 июн дар Куала-Лумпур доир мешавад. Бозиҳои аввали ин даври мусобиқа 22-23 август, бозиҳои ҷавобӣ 12-13 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи "Олой” (Қирғизистон) бар тими дигари ин кишвар – "Дордой”бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуд. скачать dle 10.2 КиноСвин