До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » “Алибаба” бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ шартномаи ҳамкорӣ бастанист

“Алибаба” бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ шартномаи ҳамкорӣ бастанист

 

“Алибаба” бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ шартномаи ҳамкорӣ бастанист

22-24 майи соли равон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб бо дастгирии Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва Ҳамбастагии олимпӣ дар ҳошияи барномаҳои олимпӣ барои соли 2020 семинари олимпӣ оид ба маркетинг баргузор шуд.

Дар семинар кормандони бахши иттилоотии кумитаҳои олимпии 57 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Аз Тоҷикистон дар ин семинар мудири Бахши коргузорӣ ва таҳлилу иттилооти Кумитаи миллии олимпӣ Баҳрулло Муқимов ширкат кард.

Дар рӯзи аввали семинар Элизабет Алламан – намояндаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ иштирокчиёнро бо дастоварду навигариҳои соҳа шинос намуд.

Дар рӯзи дуюм ширкаткунандагон бо имкониятҳои хадамоти шарики тиҷоратии нав "Алибаба", ки қароргоҳи асосиаш дар шаҳри Гуанжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин воқеъ аст, ошноӣ пайдо карданд. Хизматрасониҳои асосии ширкати мазкур ба муштариён виртуалӣ пешниҳод гашта, арзиши бозори тиҷоратиаш ба 121 миллиард доллари амрикоӣ расидааст. Ин ширкати маъруфи чинӣ тасмим гирифтааст, ки бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонад.

Таъкид шуд, ки саҳми шарикону сарпарастон дар пешрафти ҳаракати олимпӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим беназир аст.

скачать dle 10.2 КиноСвин