До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ҷаласаи нозирони допинги кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ашхобод

Ҷаласаи нозирони допинги кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ашхобод

 

Ҷаласаи нозирони допинги кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ашхобод

27-28 майи соли равон дар шаҳри Ашхободи Ҷумҳурии Туркманистон ҷаласаи Шӯрои мудирони ташкилотҳои мубориза бар зидди допинги минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа мудири Департаменти маориф ва барномаҳои рушди Созмони ҷаҳонии зиддидопинг (WADA) Том Мэй, муовини мудири Департаменти маориф ва барномаҳои рушди WADA Франсиско Леон, мудири бахши минтақавии WADA дар қораи Осиё Наяши Казухиро, мудири Департаменти мубориза бар зидди допинги Шӯрои олимпии Осиё Надиях Алӣ ал-Шамалӣ, намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат варзиданд.

Ба иттилои Муҳаммадшо Абдуллоев - Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Ташкилоти миллии зиддидопингии Тоҷикистон, ки дар ин ҷаласа иштирок дошт, рӯзи 27 май дар маросими кушодашавии ҷаласа намояндагони расмии Кумитаи баргузории V Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ ва Кумитаи олимпии Туркманистон иштирок намуданд.

- Дар ҷаласа фаъолияти созмонҳои миллии зиддидопингии ҳар кишвар натиҷагирӣ ва ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати иҷрои барномаи зиддидопингӣ бо стандартҳои ҷаҳонӣ баррасӣ шуд, - гуфт М. Абдуллоев. - Том Мэй иброз дошт, ки V Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ аз 17 то 27 сентябри соли равон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон баргузор мегардад. Аз ин рӯ, ба хотири мубориза бар зидди допинг ҳангоми баргузории бозиҳои мазкур, мо бояд нозирони зидди допинги WADA-ро дар минтақаи Осиёи Марказӣ омӯзонем, ба онҳо иттилооти заруриро пешкаш намоем. Айриян Екатерина ҳамчун нозири допинги WADA аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи омӯзишӣ иштирок кард.

WADA Ташкилоти миллии зиддидопингии Тоҷикистонро вазифадор намуд, ки на камтар аз 4 нафар нозири зиддидопингии дигарро ба семинарҳои омӯзишии WADA ҷалб намояд. Нозирони мазкур бояд дар оянда гузаронидани ташхиси допингро ҳангоми баргузор намудани мусобиқаҳои дохилӣ ва бйналмилалӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд.

Ба гуфтаи Муҳамадшо Абдуллоев, бар асоси Кодекси байналмилалии зиддидопингӣ варзишгар бояд дар бораи он маълумот дошта бошад. "Варзишгар вазифадор аст, ҳамаи принсипҳо ва қоидаҳои зиддидопингиро риоя кунад. Набояд маводи барояш манъшударо истеъмол намояд”.

Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки соли 2016 ба ин хотир Ташкилоти миллии зиддидопинги Тоҷикистон буклету брошюраҳои "Допинг...”, "Допинг ва саломатӣ”, "10 саволи муҳим” ва корти огоҳии вазишгарро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп намуда, ба варзишгарон ва кормандони соҳаи варзиш ройгон тақсим кард.

Гуфта шуд, варзишгар бояд аз расмиёти гузаштан аз назорати допинг ба хубӣ огоҳ бошад. Муҳамадшо Абдуллоев пешниҳод кард, ки чоп намудани маводи тарҷумашудаи «Расмиёти супоридани намуна барои допинг-назорат» ва ташхиси допинг барои 60 нафар варзишгар дар соли 2017 аз ҳисоби грантҳои WADA ба роҳ монда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби WADA дастгирӣ ёфт.

Ташкилоти миллии зиддидопингии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар давраҳои омӯзиширо таҳти шиори "Мо зидди допингем!” бо иштироки мутахасиссони Ташкилоти мубориза бар зидди допинги минтақаи Осиёи Марказӣ доир намуд. Дар машғулиятҳо беш аз 900 нафар роҳбарону намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ, мураббиёну варзишгарон ва пизишкон ширкат карданд. скачать dle 10.2 КиноСвин