До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 7 нафар дзюдочӣ аз Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё ширкат мекунанд

7 нафар дзюдочӣ аз Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё ширкат мекунанд

 

26-28 майи соли равон дар шаҳри Гонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати Осиё оид ба дзюдо баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқаи бонуфузи қора 242 варзишгар аз 28 давлат дар вазнҳои 60, 66, 73, 81, 90, 100, +100 миёни мардон ва дар вазнҳои 48, 52, 57, 63, 70, 78, +78 миёни занон барои медалҳо рақобат мекунанд.

Аз ҷумҳурии мо ба ин чемпионат 7 варзишгар бо 1 мураббӣ сафарбар гардидаанд. Ба иттилои раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов, ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа 7 варзишгар – Суҳроб Боқиев (вазни 60 кило), Хушқадам Хусравов (66), Саидмухтор Расулов, Хоҷазода Беҳрӯз (73), Садр Боев (81), Комроншоҳи Устопириён (90) ва Саидҷалол Саидов (100) бо сарварии мураббӣ Фахриддин Раҳимов намояндагӣ мекунанд. скачать dle 10.2 КиноСвин