До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!

 

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!

Роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон, хусусан варзишгарони баору номус ва парчамбардори кишварро, ки ҳамагӣ ҷавонанд, ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи ҳар сол бо шаҳомат таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфта, дар фаъолиятҳояшон барору комёбӣ таманно дорад. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон гуфтаанд: "Варзиш дар ҳаёти инсонҳо, алалхусус ҷавонон ҳамчун омили тавонои тарбияи ҷисму рӯҳи солим, инчунин мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмиву тарғиби арзишҳои олии инсонӣ ва муҳимтар аз ҳама, таблиғи тарзи ҳаёти солим хизмат мекунад”.

Ҷавонони гиромӣ, ба варзиш машғул шавед ва ҷавониатонро зебо гузаронед!

скачать dle 10.2 КиноСвин