До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 4 медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ

4 медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ

 

Варзишгарони кишвар дар 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар намуди варзишҳои зӯрхонаӣ соҳиби 4 медали биринҷӣ шуданд. Наврӯз Арабов дар намудҳои санг ва мили сангин ду медал, Назаралӣ Абдуалӣ дар намуди чархи чаманӣ ва Исмоил Сангов дар намуди каббода якмедалӣ ба даст оварданд.

4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки 12 май шуруъ гардида буд, имрӯз ба анҷом мерасад. Озарбойҷон – мизбони бозиҳо – то 21 май 154 медал (75 тилло, 46 нуқра, 33 биринҷӣ) ба даст оварда, дар ҷадвали ҳисоби медалҳо дар ҷои аввал аст. Мақоми дуюмро дастаи мунтахаби Туркия бо ба даст овардани 185 медал (68 тилло, 63 нуқра, 54 биринҷӣ) ва ҷои сеюмро дастаи мунтахаби Эрон бо 90 медал (31 тилло, 26 нуқра, 33 биринҷӣ) ишғол кардаанд. Узбекистон (15, 17, 30) дар мақоми чорум, Баҳрайн (12, 5, 4) дар мақоми панҷум ҷой гирифтаанд.

Умуман, варзишгарони 26 давлат ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд. 39 давлат соҳиби медал шудаанд.

Тавре иттилоъ дода будем, дар 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ наздики 3000 варзишгар аз 54 давлат дар 21 намуди варзиш барои 269 маҷмуи медалҳо рақобат карданд.

Аз кишвари мо дар ин бозиҳо 29 варзишгар аз рӯи 7 намуди варзиш ширкат намуданд. Дар мусобиқот оид ба дзюдо Хоҷазода Беҳрӯз (вазни 73 кило, миёни мардон) ва Шоҳида Қаландарова (57 кило, миёни занон), дар рақобатҳои вазнбардорӣ Илҳомҷон Шукуров (69 кило, миёни мардон), дар намуди тирпаронӣ аз таппонча Малика Лагутенко, Нозанин Лутфуллоева (миёни занон), Бежан Файзуллоев (миёни мардон) дар масофаи 10 метр, дар рақобатҳо аз намуди таеквандо ВТФ Моҳру Ҳалимова (+73 кило, миёни занон), Фарҳод Неъматов (-87 кило миёни мардон), дар намуди гуштини озод Сорбон Абдулҳаев (70 кило), Гамид Ҷалилов (74 кило), Баҳодур Қодиров (86 кило), Фарҳод Анақулов (125 кило) ва тими волейболи занонаи кишвар аз медал маҳрум монданд. скачать dle 10.2 КиноСвин