До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 10-умин Дави миллӣ дар Душанбе бо иштироки 51300 нафар доир гашт

10-умин Дави миллӣ дар Душанбе бо иштироки 51300 нафар доир гашт

 

10-умин Дави миллӣ дар Душанбе бо иштироки 51300 нафар доир гашт

Имрӯз – 21 май – дар ҷумҳурӣ дар доираи чорабиниҳои Соли ҷавонон 10-умин Дави миллӣ баргузор шуд. Дар шаҳри Душанбе 51300 нафар намояндагони синну соли гуногун дар ин чорабинии муҳими варзишӣ иштирок карда, аз дидбонгоҳи Чорбоғ то Наврӯзгоҳ, ки 10 километрро ташкил медиҳад, давиданд.

Иштирокчиёнро Сайфиддин Давлатзода – сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Маҳмадсаид Зувайдзода – муовини аввали раиси шаҳри Душанбе ва Аҳтам Абдуллозода – раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 10-солагии Дави миллӣ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфтанд.

Зикр шуд, ки Дави миллӣ 10-ум сол аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир кардани Рӯзи Дави миллӣ 28 марти соли 2007, №225 ба тасвиб расида, аввалин Дави миллӣ бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 майи соли 2007 доир гардид.

 

10-умин Дави миллӣ дар Душанбе бо иштироки 51300 нафар доир гашт

 

10-умин Дави миллӣ дар Душанбе бо иштироки 51300 нафар доир гашт

 

10-умин Дави миллӣ дар Душанбе бо иштироки 51300 нафар доир гашт

 

10-умин Дави миллӣ дар Душанбе бо иштироки 51300 нафар доир гашт

 

 

 

 

 

 


скачать dle 10.2 КиноСвин