До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Иштироки беш аз 1000 нафар дар аввалин марафони велосипедронӣ

Иштироки беш аз 1000 нафар дар аввалин марафони велосипедронӣ

 

Иштироки беш аз 1000 нафар дар аввалин марафони велосипедронӣ

Имрӯз – 20 май – дар шаҳри Душанбе, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи олимпӣ, бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ватании "Iamdifferent” аввалин марафони ҷумҳуриявии велосипедронӣ баргузор гашт.

 

Дар ин чорабинии варзишӣ беш аз 1000 нафар велосипедсавор аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар масири майдони "Дӯстӣ” – посгоҳи Чорбоғ, ки беш аз 10 километрро ташкил медиҳад, ширкат намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Зувайдзода Маҳмадсаид – муовини аввали раиси шаҳри Душанбе ва Аҳтам Абдуллозода – раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ иштирокчиёнро шобош гуфта, ба онҳо барор хостанд.

Баъд аз тай кардани масири таъиншуда ғолибон муайян шуда, бо туҳфаҳо сарфароз гаштанд.

Миёни мардҳо Меҳроб Одинаев аз мактаби маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук аввалин шуда ба марра расид. Писару падар – Игнат ва Ринат Батиришинҳо аз шаҳри Душанбе ҷойҳои дуюму сеюмро сазовор гаштанд.

Миёни занҳо бошад, Юлия Жукова аз шаҳри Душанбе мақоми аввалро ишғол кард. Фараҳнози Баҳром мақоми дуюм ва Екатерина Батиришина мақоми сеюмро касб намуданд.

Ҳамчунин, хурдсолтарин иштирокчӣ миёни мардон – Файзуллои Зубайдуллои 9-сола аз мактаби маҳорати олии риштаҳои амалӣ, миёни бонувон Милана Батиришинаи 10-сола аз шаҳри Душанбе ва калонсолонтарин иштирокчӣ миёни мардон – Зафар Шаропов, миёни бонувон Муҳаббат Давлатова соҳиби мукофоти хотиравӣ гардиданд.

Инчунин, ба 20 нафар иштирокчии фаъол туҳфа ва ба 200 нафар аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификат тақдим гардид.

Иштироки беш аз 1000 нафар дар аввалин марафони велосипедронӣ

Иштироки беш аз 1000 нафар дар аввалин марафони велосипедронӣ

 

 

 

 

 


 

 

 

 

 


 


 

скачать dle 10.2 КиноСвин